Китобхонаи дуюми Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо китобҳои нав мукаммал гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи дуюми Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои нав мукаммал гардонида шуд. Китобхона бо тамоми тартиб ва талаботи китобдорӣ таъсис дода шуда, дар он зиёда аз 1200 китобҳои тозанашр, аз қабили китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои бадеӣ, силсилакитобҳои шоирони тоҷику форс «Гулшани адаб», адабиёти ҷаҳон ва адабиёти соҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷамъоварӣ гардида, истифодаи онҳо дар шакли электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ин тадбир дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар ҷомеа баён доштанд, андешида шуд.
Китобхонаи мазкур ба маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷӯии «Ирбис» пайваст карда шудааст, ки дар он номгӯи зиёда аз 200 ҳазор китоб ҷамъоварӣ гаштааст. Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор додаанд, ки чунин аст: «Миллати мо аз қадим мардуми китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз карда, бояд идома диҳем. Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ба қуллаи мурод мерасонад».








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






