Комиссияи Аврупо вобаста ба тадриҷан сабук кардани чораҳои фавқулода тавсияҳо пешниҳод менамояд

Апрель 13, 2020 11:26

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Аврупо рӯзҳои наздик рӯйхати тадбирҳоро оид ба сабук сохтани чораҳои фавқулода, ки аз сабаби паҳншавии коронавирус ҷорӣ шудаанд, пешниҳод хоҳад кард. Дар ин бора раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Bild am Sonntag”  хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи Аврупо, ин амалҳо бояд пайдарҳам ва эҳтиёткорона анҷом ёбанд. Таърихи ин иқдом барои ҳар кишвар гуногун хоҳад буд, зеро дар минтақаҳои мухталиф давраҳои авҷи пандемия аз ҳам тафовут доранд.

Урсула фон дер Ляйен маслиҳат дод, ки меҳмонхонаҳо  ва  саёҳатҳо то тобистони оянда мавқуф гузошта шаванд, чунки пешгӯӣ намудани вазъият ҳатто барои моҳҳои июл-август душвор  аст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки имрӯзҳо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо азми бо кӯшишҳои муштарак рафъ намудани  мушкилии пешомадаро доранд.

Роҳбари Комиссияи Аврупо изҳори умедворӣ намуд, ки то охири соли равон ваксинаи зидди коронавирус таҳия хоҳад шуд.

Хурӯҷи беморӣ, ки барангезандааш коронавируси намуди нав мебошад, охири соли 2019 дар Чин паҳн шуда,  11 март аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ     пандемия эълон шудааст.

ДАР АКС: Урсула фон дер Ляйен. сурати  Bild am Sonntag

Апрель 13, 2020 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон