Конференсияи СММ оид ба иқлим бо сабаби пандемияи коронавирус мавқуф гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Конференсияи иқлимии СММ, ки бояд дар Глазгои Шотландия аз 9 то 20 ноябр баргузор мегашт, аз сабаби коронавирус ба таъхир гузошта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин дар изҳороти Вазорати иқлим ва муҳити зисти Финляндия бо истинод ба ашхоси расмии Созмони Милали Муттаҳид гуфта шудааст.
Тибқи изҳорот, Конференсияи 26-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим то соли 2021 мавқуф гузошта мешавад. Дар ин чорабинӣ бояд зиёда аз 30 ҳазор вакил аз тамоми ҷаҳон иштирок менамуданд.
Ҳамзамон бо Конференсияи иқлими Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифта шуд, ки Конференсияи СММ оид ба гуногунрангии биологиро низ, ки бояд дар Кунмини Чин барпо мегашт, ба вақти дигар гузаронанд. Он моҳи октябри соли 2021 бояд баргузор шавад. Санаҳои баргузории чорабиниҳо муайян карда мешаванд.
АКС imag.one








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






