Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 140 кг воситаҳои нашъадор мусодира намуданд

Апрель 16, 2020 16:40

 ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти пинҳонии як шабакаи интиқолдиҳандаи воситаҳои нашъадорро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба дигар кишварҳои хориҷӣ интиқол медоданд, ошкор намуданд. Зимни амалиёт аз ин шабакаи қочоқчиён зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи пешбурди амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҷабалӣ Дарғиев, соли таваллудаш 19 марти соли 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, деҳаи Муродбахш, хонаи №3, оиладор соҳиби 2 фарзанд, дар зодгоҳаш деҳаи Муродбахши ноҳияи Фархор, ки дар наздикии сарҳади Чумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ аст, дастгир карда шуд. Зимни кофтуков аз манзили истиқоматии номбурда се борхалтаи полиэтилении дорои  миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор, аз ҷумла, 68 кг 672 грамм воситаи нашъадори навъи афюн ва 1 кг 964 грамм маводи психотропии навъи «Метаамфитамин», дар маҷмӯъ ба миқдори 70 кг 436 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар идомаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ чеҳраи як нафар нашъаҷаллоби дигар намудор шуд, ки роҳбарии ин шабакаи фаромиллии нашъаҷаллобро бар уҳда доштааст. Ин нафар шаҳрванд Баҳодур Девонақулов, соли таваллудаш 27.03.1979, сокини деҳаи Марғзори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад, ки қаблан бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.

Зимни баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда айни замон дар Федератсияи Россия қарор дошта, ҳамаи амалиёт ва схемаҳои ғайриқонунии додугирифти воситаҳои нашъадор, аз ҷумла, интиқоли воситаҳои гуногуни нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба кишварҳои хориҷӣ фиристондани онро тавассути телефони мобилӣ назорат ва роҳнамоӣ карда, дар ин кор дастгиршуда Раҷабалӣ Дарғиевро ҳамчун шахси боваринок истифода мебурдааст.

Раҷабалӣ Дарғиев дар асоси маслиҳати пешакӣ мебоист ин 70 кг маводи нашъадори мусодирашударо ба шаҳрванд Баҳодур Девонақулов, ки соҳиби асосии воситаҳои нашъадор шинохта мешавад, интиқол диҳад. Дар доираи тафтиши парванда муайян карда шуд, ки номбурда баҳри ба даст овардани ин маводи заҳрогин роҳу усулҳои гуногунро истифода намуда, воситаҳои нашъадорро танҳо дар вақти шабона аз қочоқчиёни афғон қабул менамудааст. Тааҷҷубовар аст, ки дастгиршуда Раҷабалӣ Дарғиев бо мақсади пинҳон доштани амалҳои ҷинояткоронаи худ ва нафаҳмидани атрофиён ба таври махсус ва рамзнок, яъне бо овози ҳайвонҳои саҳроӣ бо интиқолдиҳандагони воситаҳои нашъадори афғон гуфтугӯ намуда, додугирифти воситаҳои нашъадорро амалӣ мекардааст.

Оид ба далелҳои мазкур айни замон нисбат ба гумонбаршавандагон Раҷабалӣ Дарғиев ва Баҳодур Девонақулов тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, Баҳодур Девонақулов ҳамчун роҳбари шабакаи фаромиллии нашъаҷаллобӣ дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор дода шудааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар натиҷаи баргузории як амалиёти махсус гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳайати 7 нафар дастгир ва аз онҳо зиёда аз 70 кг воситаҳои нашъадор мусодира шуда буд. Аз рӯи ҳарду далеле, ки мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ошкор намуд, дар натиҷаи он фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва 2 шабакаи фаромиллии интиқоли воситаҳои нашъадор қатъ карда шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 140 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира шуданд.

Апрель 16, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд