Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бартараф намудани оқибатҳои барф дар Душанбе саҳми назаррас гузоштанд

Апрель 9, 2020 13:45

ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ба амал омада, борони бошиддат ба барф табдил ёфт. Дар натиҷаи боридани барфи зиёд дарахтони сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо дар хиёбонҳо, кӯчаҳо ва  боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе зери барф монданд.

Бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода соати 02:00-и 9 апрел ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарии сардори Сарраёсат, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бо ҷалби 15 адад нақлиёти асосӣ ва махсуси оташнишонӣ, инчунин 221 нафар ҳайати шахсӣ барои бартараф намудани оқибатҳои бориши барф  ва тоза намудани дарахтон ба хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С. Шерозӣ, Теҳрон, Боғи Рӯдакӣ, Ҷ. Расулов, А. Дониш, Яккачинор, Ҳувайдуллоев, Абай, А. Сино, Борбад, Назаршоев, Дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Дар ин бора аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 2800 дарахти сояафкан ва ороишии кӯча ва хиёбони Рӯдакӣ, 1144 адад дар кӯчаи Теҳрон, 1620 адад дар к. С. Шерозӣ, 1493 адад дар к. Ҷ. Расулов, 745 адад дар к. А. Дониш, 1633 адад дар к. Маяковский, 840 адад дар к. Яккачинор, 1220 адад дар к. Ҳувайдуллоев, 940 адад дар к.Абай, 1510 адад дар к. А. Сино, 1730 адад дар к. Борбад, 740 адад дар к. Назаршоев,  940 адад дар к. А. Дониш  ва 1340 адад дарахтони кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе, ки зери барф монда буданд, бо ёрии чӯбдастҳо, шохин ва дигар олоти махсус аз барф тоза карда шуданд.

Дар натиҷаи азназаргузаронӣ ва тоза намудани кӯчаҳои мазкур маълум карда шуд, ки 15 адад дарахтони сояафкан шикаста, ба замин афтидаанд, ки онҳо бо қувваи ҳайати шахсӣ барканор карда шуданд.

Апрель 9, 2020 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд