Маҷлиси намояндагон Созишномаи маблағгузорӣ оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Созишномаро дар ҷаласа Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шарҳ дод.
Зикр гардид, ки Созишнома 3 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.
«Ҳаҷми маблағи ҷалбшавандаи Созишнома 11,3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд анҷом дода мешавад»,- афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ба иттилои Вазир, лоиҳаи гарнтии пешниҳодгардида аз чор қисмат иборат буда, мушаххасан амалӣ гардидани як зумра тадбирҳои муҳимро дар бар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки тақвияти иқтидори соҳаи тандурустии мамлакат дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне харидории таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақали 100 кати нав ва харидорӣ намудани дигар маводи мавриди ниёзи аввал барои мубориза бо пандемияи COVID-19 яке аз ҳадафҳои лоиҳа мебошад.
«Амалӣ намудани чорабиниҳои гуногунсамт бар зидди пандемияи COVID-19 дар мамлакат, бахусус тадбирҳо вобаста ба омодагии ҷомеа бар зидди ин вирус, расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ҳадафҳои дигари лоиҳа мебошанд», — зикр шуд дар ҷаласа.
Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалинамоӣ ва мониторинги лоиҳа дар давраи солҳои 2020-2021 ҳадафи ниҳоии лоиҳа мебошад.
«Ҳоло дар баробари ба мувофиқа расидан бо Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби маблағҳо ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои молиявӣ идома доранд ва итминон дорем, ки маблағҳо барои мубориза бо ин вирус боз дарёфт хоҳанд шуд»,- афзуд Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки татбиқи саривақтии Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имкон медиҳад, ки тадбирҳои зикргардида дар фурсати кӯтоҳтарин амалӣ гарданд.
Бо назардошти муҳимияти масъала бо ҷонибдории кулли вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома тасдиқ гардид.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






