ММТ: 15 апрел марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба итмом мерасад

Апрель 4, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 04.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 то 15 апрел ба итмом мерасад. Дар ин муддат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз он ки кадом муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шаффоф гузаронидани ИМД тамоми тадбирҳои зарурӣ ва шароити мусоидро барои довталабон муҳайё намуда истодааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ хабар доданд, то имрӯз ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести маҷмӯаҳои қаблан чоп ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ройгон тақсимшуда омода гардида, дар сомонаи ин ниҳод  гузошта шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маҷмӯаҳои мазкур бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест қаблан нашр гардиданд, ки пас аз як муҳлати муайяни маҷмӯаҳо ҷавобҳои дуруст барои натиҷаи кори худро санҷидани хонандагон ва истифодабарандагони дигар нашр шуданд. Чунин тарзи кор беҳтарин равиш барои ташвиқи хонандагон ба донишандӯзӣ ва мустақилона кор кардан мебошад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести маҷмӯаҳо дар шакли электронӣ буда, онҳоро фақат аз сомонаи Марказ дастрас кардан мумкин аст. Дар ҳолати роҳ ёфтани хатои техникӣ дар ду саволи тест аз фанни математика (№№ 152 ва 164) ва як саволи тест аз фанни таърих (№ 16, унсури гунаи «D») ҷавобҳои онҳо бо аломати ситорача – «*» ишора карда шудаанд. Бинобар ин саволҳои зикршуда бояд ба назар гирифта нашаванд.

Дар ИМД-и соли ҷорӣ дар ҳар субтест (саволномаи ҳар фан) то 40 %-и саволу масъалаҳои тест аз маҷмӯаҳои нашргардида такроран истифода мешаванд.

Ҳамчунин Маркази миллии тестӣ ба диққати довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд, мерасонад, ки хизматрасонии «Барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи паёмак (SMS)» фаъол гардид. Дар вақти бақайдгирӣ рақами телефони мобилиеро зикр намоед, ки доимо фаъол бошад.

Барои барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда дар равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ «Рамзро фаромӯш кардед?»-ро пахш кардан лозим аст, ки дар он ба воситаи  почтаи электронӣ ё SMS-паёмак пайдо мешавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи моҳият ва тарзи истифодаи кабинети инфиродии довталаб, аз ҷумла тартиби барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи почтаи электронӣ ва тарзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.

Апрель 4, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид