«МО ҲОМИИ ИН ВАТАНЕМ!». Таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда дар Ёвон раҳпаймоӣ доир гардид
ЁВОН, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда дар ноҳияи Ёвон раҳпаймоии ҷавонон, хизматчиёни ҳарбӣ, даъватшавандаҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ таҳти унвони «Мо ҳомии ин ватанем» баргузор гардид. Ҷавонон бо нидоҳои ватандӯстона 3000 метр роҳро тай намуда, ба Комиссариати ҳарбии ноҳия омаданд.
Дар саҳни Комиссариати ҳарбӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмилалӣ, сарбозону афсарони Қисми низомии 6593 ва волидони даъватшавандаҳо ба муносибати Рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.
Раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода иброз намуд, ки «таҷлили Рӯзи даъватшаванда-ин арҷ гузоштан ба марзу буми аҷдодӣ, Артиши миллӣ ва пурра намудану таҳким бахшидани сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Вақте мебинем, ки фарзандони мо ба монанди падарони баору номуси худ бо ғайрату ҷасорат ва ба хотири ободии Ватан хизмати ҳарбиро ихтиёр мекунанд, умед ва бовариямон ба насли наврас, ба ояндаи орому осоишта қавитар мегардад».
Модарону хоҳарон мувофиқи расму оини тоҷикӣ ба 63 нафар наваскароне, ки хизмати Ватанро ихтиёр кардаанд, нон газонида, ба онҳо садоқату вафодорӣ ва хизмати сарбаландона орзу намуданд.
Барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳия ва таҳти суруду мусиқӣ хурсандӣ кардани даъватшавандаҳову волидони онҳо ба ҷамъомад рангу ҷилои дигар бахшид.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






