МО ЗИДДИ — ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ! Дар авҷи пандемияи коронавирус филми истеҳсоли Тоҷикистон «Ибни Сино» дар баъзе давлатҳо ҳамабин гардидааст

Апрель 13, 2020 16:57

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар авҷи пандемияи коронавирус филми истеҳсоли Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ бо номи «Ибни Сино», ки  дар бораи зиндагии файласуф, донишманди  тиб, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абӯалӣ Ибни Сино дар қарни X милодӣ нақл мекунад, дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар Афғонистон тамошобинони зиёдро ҷамъ намудааст.

Филми мазкур соли 1964 бо забони русӣ таҳия ва ба тоҷикӣ баргардон шудааст. Филм дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани як бемории маргбор, ки дар шаҳри Бухоро дар ҳамон  айём дар ҷараён будааст,  ҳикоя мекунад. Дар ин филм, ки  ба  зиндагиномаи Ибни Сино бахшида шудааст, ба тарзи дармони вабо ишора мешавад. Ибни Сино дар филм тавсияҳое медиҳад, ки шабоҳати зиёде ба тавсияҳои имрӯзӣ барои пешгирӣ ва густариши коронавирус доранд. Дар филм дархости Ибни Сино барои бастани масҷидҳо ва  маконҳои динии ин шаҳр, ки ба гуфти ӯ, ин беморӣ  аз роҳи ҳаво ва аз тариқи шахс ба шахс интиқол меёфтааст, даъват ба амал оварда мешавад. Дар он замон ин дархости Ибни Сино ба хашми рӯҳониёни суннатӣ рӯбарӯ мешавад ва онҳо дастур медиҳанд, ки китобҳои тиббии ӯ сӯзонда шаванд.

Тавре дар сомонаи форсии ВВС зикр шудааст, ин филмро афроди бомаърифат ва ҷавонони Афғонистон дар ҳоле ба ҷараён даровардаанд, ки баъзе аз рӯҳониёни ин кишвар ҳам ҳазор сол баъд аз даргузашти Ибни Сино барои манъ кардани масҷидҳо ва маросимҳои  динӣ эътироз мекунанд.

Яке аз рӯҳониёни дар маркази танқид қарордошта имоми масҷиди ҷомеи Гузаргоҳ дар шаҳри Ҳирот Муҷибулраҳмон Ансорӣ аст. Ӯ бо эътиқодоти мазҳабӣ ва суханрониҳои шадид шинохта шудааст.

Аз ин рӯҳонӣ наворе нашр шудааст, ки дар он дар ҷараёни як маросими намози ҷумъа коронавирусро ба унвони «неъмате барои мусулмонон ва барои кофирон муҷозот» тавсиф мекунад. Ин видео, ки аз ҷониби бисёриҳо мубодила шудааст, ҳазорон шарҳро ҷалб кардааст, ки асосан маҳкум кардани ақидаҳои ифротӣ экстремистии ӯро дар бар мегиранд.

Бисёре аз рӯҳониёни дигари Афғонистон низ дар хутбаҳояшон аз коронавирус ба унвони вирусе, ки аз тарафи Худо фиристода шудааст, то инсонро ба хотири гуноҳонаш муҷозот кунад, ёд мекунанд.

Филми «Ибни Сино» умдатан дар расонаҳои иҷтимоӣ барои он гузошта шудааст, ки бо ақидаҳои мутаассибонаи баъзе аз рӯҳониён дар вокуниш ба як падидаи табиӣ мухолифат кунад.

Дар ҳоле, ки бархе аз рӯҳониёни афғон коронавирусро ҳамчун «ҳушдоре аз тарафи Худованд ба инсон барои  пулпарастӣ ва дур шудан аз роҳи Худо» медонанд, бисёре аз одамони бомаърифати Афғонистон боварӣ доранд, ки мушкилоти коронавирус дар оянда сабаби аз байн рафтани эътимод ба рӯҳоният ва мазҳабҳо хоҳад шуд.

Хотиррасон мешавем, филме, ки дар бораи он сухан меравад, аз ҷониби коргардони шинохта, Ҳунарпешаи халқии СССР ва дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР Комил Ёрматов ба навор гирифта шуда, дар он нақши Синоро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марат Орифов бозидааст. Чанде қабл порае аз ин филм тариқи шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» низ намоиш дода шуд. Пурра ба намоиш гузоштани ин филми ҷолиб аз тарафи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Ин филм ба аҳдофи аксияи бемуҳлати умумимиллии «Мо – зидди таассуб ва ифротгароӣ!», ки аз ҷониби АМИТ «Ховар» эълон карда шудааст, пурра ҷавобгӯст.

                                                                                   Мавҷуда АНВАРӢ,
                                                                                     АМИТ «Ховар»

Апрель 13, 2020 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид