МО ЗИДДИ — ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ! Дар авҷи пандемияи коронавирус филми истеҳсоли Тоҷикистон «Ибни Сино» дар баъзе давлатҳо ҳамабин гардидааст
ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар авҷи пандемияи коронавирус филми истеҳсоли Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ бо номи «Ибни Сино», ки дар бораи зиндагии файласуф, донишманди тиб, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абӯалӣ Ибни Сино дар қарни X милодӣ нақл мекунад, дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар Афғонистон тамошобинони зиёдро ҷамъ намудааст.
Филми мазкур соли 1964 бо забони русӣ таҳия ва ба тоҷикӣ баргардон шудааст. Филм дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани як бемории маргбор, ки дар шаҳри Бухоро дар ҳамон айём дар ҷараён будааст, ҳикоя мекунад. Дар ин филм, ки ба зиндагиномаи Ибни Сино бахшида шудааст, ба тарзи дармони вабо ишора мешавад. Ибни Сино дар филм тавсияҳое медиҳад, ки шабоҳати зиёде ба тавсияҳои имрӯзӣ барои пешгирӣ ва густариши коронавирус доранд. Дар филм дархости Ибни Сино барои бастани масҷидҳо ва маконҳои динии ин шаҳр, ки ба гуфти ӯ, ин беморӣ аз роҳи ҳаво ва аз тариқи шахс ба шахс интиқол меёфтааст, даъват ба амал оварда мешавад. Дар он замон ин дархости Ибни Сино ба хашми рӯҳониёни суннатӣ рӯбарӯ мешавад ва онҳо дастур медиҳанд, ки китобҳои тиббии ӯ сӯзонда шаванд.
Тавре дар сомонаи форсии ВВС зикр шудааст, ин филмро афроди бомаърифат ва ҷавонони Афғонистон дар ҳоле ба ҷараён даровардаанд, ки баъзе аз рӯҳониёни ин кишвар ҳам ҳазор сол баъд аз даргузашти Ибни Сино барои манъ кардани масҷидҳо ва маросимҳои динӣ эътироз мекунанд.
Яке аз рӯҳониёни дар маркази танқид қарордошта имоми масҷиди ҷомеи Гузаргоҳ дар шаҳри Ҳирот Муҷибулраҳмон Ансорӣ аст. Ӯ бо эътиқодоти мазҳабӣ ва суханрониҳои шадид шинохта шудааст.
Аз ин рӯҳонӣ наворе нашр шудааст, ки дар он дар ҷараёни як маросими намози ҷумъа коронавирусро ба унвони «неъмате барои мусулмонон ва барои кофирон муҷозот» тавсиф мекунад. Ин видео, ки аз ҷониби бисёриҳо мубодила шудааст, ҳазорон шарҳро ҷалб кардааст, ки асосан маҳкум кардани ақидаҳои ифротӣ экстремистии ӯро дар бар мегиранд.
Бисёре аз рӯҳониёни дигари Афғонистон низ дар хутбаҳояшон аз коронавирус ба унвони вирусе, ки аз тарафи Худо фиристода шудааст, то инсонро ба хотири гуноҳонаш муҷозот кунад, ёд мекунанд.
Филми «Ибни Сино» умдатан дар расонаҳои иҷтимоӣ барои он гузошта шудааст, ки бо ақидаҳои мутаассибонаи баъзе аз рӯҳониён дар вокуниш ба як падидаи табиӣ мухолифат кунад.
Дар ҳоле, ки бархе аз рӯҳониёни афғон коронавирусро ҳамчун «ҳушдоре аз тарафи Худованд ба инсон барои пулпарастӣ ва дур шудан аз роҳи Худо» медонанд, бисёре аз одамони бомаърифати Афғонистон боварӣ доранд, ки мушкилоти коронавирус дар оянда сабаби аз байн рафтани эътимод ба рӯҳоният ва мазҳабҳо хоҳад шуд.
Хотиррасон мешавем, филме, ки дар бораи он сухан меравад, аз ҷониби коргардони шинохта, Ҳунарпешаи халқии СССР ва дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР Комил Ёрматов ба навор гирифта шуда, дар он нақши Синоро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марат Орифов бозидааст. Чанде қабл порае аз ин филм тариқи шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» низ намоиш дода шуд. Пурра ба намоиш гузоштани ин филми ҷолиб аз тарафи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Ин филм ба аҳдофи аксияи бемуҳлати умумимиллии «Мо – зидди таассуб ва ифротгароӣ!», ки аз ҷониби АМИТ «Ховар» эълон карда шудааст, пурра ҷавобгӯст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд






