МУШКИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Андешаҳои донишмандон ва мутахассисони соҳа дар ин бора

Апрель 6, 2020 16:09

ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти анъанавии худ бо  аҳли илму маориф ва зиёиёни мамлакат масъулини соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки оид ба масъалаи дурнамои рушди маориф диққати аввалиндараҷа диҳанд. Аз ҷумла, онҳо бояд оид ба мақоми мактаби муосир, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, ворид намудани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқи тоҷик дар китобҳои дарсии фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ тадбирҳои муассир андешида, дар хусуси роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзиву дақиқ ва ташаккули зеҳнияти хонандагону донишҷӯён пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ оид ба ин масъала бо чанд нафар омӯзгорон ва масъулини ниҳодҳои марбута ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи андешаи онҳо манзури хонандагони сомона мегардад.

Мудири шуъбаи фанҳои филологияи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Салоҳиддин АМОНӢ ба ин назар аст, ки дар ҷомеаи муосир барои пешравӣ ва ноил шудан ба комёбиҳои назаррас маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, — афзуд номбурда, китобҳои дарсӣ, ки меҳвари асосии омӯзиш ба ҳисоб мераванд, ба таҳриру бозбинӣ ниёз доранд.

«Камбудие, ки дар китобҳои забон ва адабиёти тоҷик барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба назар мерасанд, қолабӣ ё типӣ ном бурда мешаванд. Вале, боиси таассуф аст, ки на ҳама омӯзгорон онҳоро дарк мекунанд. Агар дарк кунанд ҳам, барои баррасиву ислоҳаш намекӯшанд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Салоҳиддин Амонӣ, дар китобҳои дарсӣ ҷой додани матнҳое, ки бештар масъалаҳои ифтихороти милливу давлатдориро инъикос менамоянд, кори асосӣ ба ҳисоб мераванд.

«Аз ин рӯ, мо нақша дорем марҳила ба марҳила ин китобҳоро баррасӣ намоем ва дар ҳолати ҷой доштани камбудӣ муаллифони онҳоро даъват ва огоҳ менамоем, ки аз пайи ислоҳи  он шаванд»,- афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо чунин мешуморад, ки камбудии дигари мавҷуда  дар китобҳои дарсии томактабӣ ва мактабӣ- ин мувофиқат накардани сурат ба матн мебошад. «Китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» матнҳои хонданӣ дошта бошад, ҳам интихоби ранг нодуруст сурат гирифта, баъзе суратҳоро умуман аз китобҳо бояд барчинд»,- мисол овард мавсуф.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА дар суҳбат  бо мо иброз дошт, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат дар заминаи матнҳои адабӣ бештар забон ва адабиёти тоҷикӣ бояд таълим дода шаванд.

«Зеро таҳлилҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки дар китобҳои дарсӣ   калимаҳои душворфаҳм, матн ва шеърҳои бемуаллиф, ғалатҳои имлоӣ ва мантиқӣ зиёд буда, ҳоло вақти бартараф намудани ин камбудиҳо расидааст»,- афзуд мавсуф.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, «ҳадафи асосии таълими адабиёт парвариши завқи солими адабии хонанда, ташаккули одобу ахлоқи ҳамида, маҳорати суханварӣ ва шиносоӣ бо бузургтарин намояндагони адабиёти гузаштаву имрӯз аст».

-Аз ин рӯ, — гуфт Боймурод Шарифзода, пеш аз ҳама, бояд дар китобҳои дарсии фанҳои номбаршуда адибони намоён ва шоиста ҷой дода шаванд.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим ЗУЛФОНИЁН, дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагони синфҳои 1 то 11 чандин камбудӣ ва норасоиҳо ба назар мерасанд, ки ислоҳ талаб менамоянд.

«Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои хонандагони синфҳои 4-7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ ва синфи 5-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳуриро соли 2016 мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод. Дар ин китобҳо ғалатҳои имлоӣ, мантиқӣ, аз сатр ба сатр гузаронии калимаҳо, мутобиқати аксҳо, матнҳои бемуаллиф ва ғалатнигорӣ дар имлои номи ҷашну рӯзҳои ид ва дигар матнҳо ба мушоҳида мерасиданд, ки масъалаи нагаронкунанда буда, ба ислоҳ ниёз доранд»,- афзуд Раҳим Зулфониён.

Апрель 6, 2020 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд