Н. Атабеков, сарэпидемиологи Ӯзбекистон: Коронавирус аз байн намеравад, аммо он «худӣ» мешавад

Апрель 27, 2020 11:18

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар миёни халқ суолҳое пайдо мешаванд, ки баъди карантин моро чӣ интизор аст, ҳаёт чӣ гуна мешавад?  Оё ин беморӣ аз рӯи замин куллан барҳам мехӯрад ва ё то пайдо шудани ваксина  он боз як ду соли дигар боқӣ мемонад? Моро дар оянда чӣ  интизор аст? Вазъи эпидемиологии кишвар баъди карантин чӣ гуна хоҳад буд? Роҳбари бозрасии давлатии назорати санитарӣ ва эпидемиологӣ дар назди девони вазирони ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарнозири давлатии санитарии ҷумҳурӣ Нурмат Атабеков  ба ин саволҳои мухбири  АМИ «УзА»  посух дод.

«Аввал ин ки баъди карантин ҳаёт бо низоми муқаррарии худ  ҷорӣ мегардад.  Зиндагии пурҷараён  аз нав шурӯъ мешавад,  яке тӯй барпо мекунад,  дигаре  ҷашнҳои аз сабаби карантин муваққатан  мавқуф гузоштаро аз нав  оғоз менамояд. Хуллас, ҳаёт бо маҷрои пешин идома хоҳад ёфт».

Аз рӯи гуфтаҳои сарэпидемиологи Ӯзбекистон,  «коронавирус аз рӯи замин тамоман гум  намешавад, аммо он барои одамон ба як чизи «худӣ» табдил мегардад».

«Ба ақидаи ман, мо вирусро ҳанӯз то омода кардани ваксина мағлуб хоҳем кард ва шояд  ҳатто зарурати истифодаи он пайдо нашавад»,-  изҳор намуд  Н. Атабеков.

Вақте ӯ гуфт, ки вирус  «худӣ» хоҳад шуд, ин маънои онро дошт, ки одамон минбаъд ба  коронавирус  чун ба дигар бемориҳои муқаррарӣ   мубтало мешаванд.  Он дигар чун зуком, бемориҳои роҳи нафас,  шамолхӯрӣ (реновирус, реовирус ва ғайраҳо ) зуҳур меёбад. Чӣ тавр?

«Маълум гашт, ки вирус  он қадар ҳам мағлубнопазир набудааст. Дар 90 фоизи ҳолати гирифторӣ он сабук ва бидуни зуҳуроти вазнин сурат мегирад. Танҳо дар 5-6 фоиз одамон онро  бо ҳолатҳои душвор  паси сар месозанд (ҳангоми бемории зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас айнан чунин ҳолат мушоҳида мешавад). Ташхис ва табобати саривақтӣ метавонанд натиҷаҳои хуб ба бор оваранд. Риоя намудани қоидаҳои одии тозагӣ  низ  қодиранд  касро пурра аз сироят ҳифз намоянд»,-  хулоса кард  Нурмат Атабеков.

 

Апрель 27, 2020 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон