«Навқалами умедбахш». Барандаи Шоҳҷоизаи ин озмуни вилоятӣ соҳиби 3000 сомонӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон бо қарори раиси вилояти Хатлон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмуни вилоятии «Навқалами умедбахш» доир мегардад. Барои барандаи Шоҳҷоизаи озмун 3000 сомонӣ, барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст. Озмуни мазкур охири соли равон ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол ва омӯзгорони онҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Инчунин маводи беҳтарин дар шакли китоб ҷамъоварӣ ва нашр карда мешаванд.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Озмуни «Навқалами умедбахш» аз рӯйи се номинатсия: «Шеъри беҳтарин», «Афсонаи беҳтарин» ва «Ҳикояи беҳтарин» доир мегардад. Иштирокчиён бояд дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ифтихор аз тамаддуни бой ва қадимии миллати тоҷик, ҳурмати падару модар, арҷ гузоштан ба хизмати устодон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, парвариши муҳаббат ба касбу ҳунар, тарғиби ҷойҳои сайёҳӣ, васфи ахлоқи ҳамида, хислатҳои неки инсонӣ, эҳтиёткорӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи насли ҷавону ояндасоз, эҳтироми арзишҳои волои миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолият мавод пешниҳод намоянд.
Ҳадафи асосии озмун- дарёфти хонандагони эҷодкор, баланд бардоштани малакаи эҷодкории кӯдакону наврасон, таҳким бахшидани шавқу ҳаваси онҳо дар самти омӯзиши таърихи пурғановати ниёгон, баланд бардоштани завқи китобхонию илмдӯстӣ, шеърдӯстӣ ва эҷодкории насли наврас, эҳсоси ватандӯстӣ, зебоиҳои табиат, азиз доштани хоку оби диёр ва баёни афкори солим унвон мешавад.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






