«Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон». Таҳти ин унвон Вазорати рушди иқтисод ва савдо Фестивал-озмун доир менамояд

Апрель 16, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики инноватсия» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» доир менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади ҷалби наврасон ва ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти навоваронаю ихтироъкорӣ, дастгирию ҳавасмандсозӣ, инчунин ҷалби онҳо барои аз худ намудани илмҳои дақиқ ва технологияҳои инноватсионӣ ташкил мегардад.

Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ наврасон ва ҷавонони то 30-сола иштирок карда метавонанд. Барои ширкат дар озмун ҳуҷҷатҳо, аз қабили ариза барои иштирок, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ (аз ҷумла навоварӣ ва ихтироъ дар соҳаҳои фаъолияти инсон), лоиҳаҳои дорои хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ (дар якҷоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар мавод дар шакли матн) ва нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома, тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ бояд пешниҳод гарданд.

Фестивал-озмуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 ва 2018 низ баргузор гардида буд. Имсол он маротибаи сеюм гузаронида шуда, аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

Ҳукумати мамлакат дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш додааст. Зеро пешрави илму техника ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат таъсири амиқ мерасонад. Чунки ҷумҳурӣ дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудааст.

Ҳадафи баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» татбиқи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, густариш додани тафаккури техникии наврасон ва ҷавонон ва пайдо намудани беҳтарин ихтироъкорони наврас барои пешрафти илмҳои бунёдӣ мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ то 30 июни соли равон идома меёбад. Натиҷаҳои Озмуни мазкур пас аз баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи озмун дар шашмоҳаи дуюми соли 2020 эълон карда мешаванд.

Апрель 16, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид