Оқибатҳои садамаи бинои истиқоматии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бартараф гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2020./ АМИТ «Ховар»/. Шоми 17 апрел ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кӯчаи Испечак 1, воқеъ дар пушти тарабхонаи Шаҳриёр фурӯ рехтааст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 26 нафар наҷотдиҳандагони Маркази таъйиноти махсуси кофтуковию наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои эвакуатсионӣ шурӯъ намуданд.
Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино- 2 дар ҷойи ҳодиса навбатдории шабонарузӣ ташкил намуда, корҳои бартарафсозӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шуданд.
18 апрел наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе ва кормандони Раёсати хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти Кумита ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бетонҳои шикастаро бардошта, биноро ба ҳолати бехатар баргардониданд.
«Сокинон ба маҳалли истиқомати худ баргаштанд»,- афзуд манбаъ.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






