Оқибатҳои тармаи роҳи «Душанбе-Варзоб» бартараф ва ҳаракати мошинҳо дубора таъмин шуд

Апрель 13, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 13.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 13 апрел аз сабаби боридани барфи шадид дар километри 60-уми роҳи мошингарди «Душанбе-Варзоб» тарма фаромада, роҳ ва маҷрои дарёро баст. Дар як муддати кӯтоҳ оқибатҳои  тарма бартараф ва ҳаракати мошинҳо дубора таъмин карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои бартараф намудани оқибатҳои тармафароии мазкур кормандони ширкати  «Инновейтив Роуд Солюшнз» ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷудо намудани техникаи зарурӣ сафарбар гардиданд.

Барои таъмини бехатарӣ дар километри 62-юми роҳи «Душанбе – Айнӣ» наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.

Кумита ба сокинони мамлакат ҳушдор додааст, ки то охири ҳафта боридани борон пешгӯӣ гардида, дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма, резиши санг ва боло рафтани сатҳи оби дарёҳо аз эҳтимол дур нест.

Аз ин рӯ,  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон  хоҳиш менамояд, ки  ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу партов ва лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҷуйборҳо ҷорӣ шуда, ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои кишт  зарар нарасонад.

Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандони  мамлакат тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва чорводорӣ худдорӣ намоянд. Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ронандагон бояд тамоми қоидаҳои ҳаракатро дар роҳро риоя намуда, хусусан суръати ҳаракатро баланд насозанд.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягона- 112 ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  бо рақами 93 880 28 19 ва 223 13 11, инчунин  Раёсати КҲФ дар ш.Душанбе:

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05, 2-78-28

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57, 2-53-47

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72, 5-15-5

 дар тамос шаванд.

Апрель 13, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд