ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад
ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, дар шарқи вилоят эҳтимоли боришоти нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони пуршиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо боронҳои бошиддат дар назаранд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






