ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тайғирёбанда шуда, раъду барқ ба амал меояд

Апрель 29, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борон меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борон борида, дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 6+11 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти  шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати  3-8 дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 гарм ва  рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 29, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид