ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф меборад

Апрель 1, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф меборад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Боридани жола ва ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Инчунин ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000метр барф), меборад. Инчунин дар ноҳияҳои алоҳида борони пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ шуда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва  рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Инчунин Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки дар пойтаххти мамлакат борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+11 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 1, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст