Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс муайян гардиданд

Апрель 7, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 2 то 6 апрел дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷаҳони бокс бо сабаби авҷ гирифтани бемории ҳамагири COVID-19 дар карантин қарор дорад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба  мухбири  АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар чемпионати  мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон дар ҳайати 8 даста — дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, Суғд, дастаҳои ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд. Қувваозмоиҳо   аз рӯи категорияҳои вазнии олимпӣ – 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон — сурат гирифт.
Миёни бонувон ҳамаи иштирокчиёни рақобати ниҳоӣ аз шаҳри  Душанбе буданд.

Миёни мардон  варзишгарони қариб ҳамаи минтақаҳо ширкат карданд. Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки чанде пеш роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оварданд, дар чемпионат ширкат накарданд.

Ба ғолибон медалу диплом ва туҳфаҳо – таҷҳизоти варзишии намуди бокс тақдим карда шуд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон-2020

Бонувон

Вазни -51кг
1. Қосимова Сумайя (Душанбе)
2. Ҳақназарова Руҳафзо (Душанбе-1)
3. Идимоҳи Саидқул (Хатлон-1)
3. Холова Ҳусния (Хатлон-2)

Вазни -57кг
1. Самадова Миҷгона (Душанбе)
2. Абдухолиқзода Мадина (Душанбе-1)
3. Лайлои Бурҳон (Душанбе)
3. Мелибоева Фотима (ШНТМ)

Вазни -60кг
1. Зулқайнарова Шоира (Душанбе)
2. Раҳимова Шаҳло (Душанбе-1)
3. Асадова Мавлуда (Душанбе)
3. Нозимова Мавлуда (Хатлон-2)

Вазни -69кг
1. Холова Идимоҳ (Душанбе)
2. Бобоёрова Нилуфар (Душанбе)
3. Ҷалилова Ҷавҳарбӣ (Хатлон-2)
3. Малиқоева Ҷавоҳирот (Душанбе)

Вазни -75кг
1. Каримова Фарзона (Душанбе)
2. Шоймуродова Фарзона (Душанбе)
3. Одинаева Мавлуда (Хатлон-2)
3. Каримова Нодира (Хатлон-1)

Мардҳо

Вазни -52кг
1. Абдусамадзода Муҳаммад (Суғд-2)
2. Эмомалӣ Раҳмон (Хатлон-2)
3. Шобдуллоев Ганҷибек (Душанбе)
3. Рустамов Шермуҳаммад (Суғд-2)

Вазни -57кг
1. Сагизов Бахтовар (Хатлон-2)
2. Шарипов Абдулло (Душанбе-1)
3. Маҳмудов Ворис (Душанбе)
3. Дурандеш Амирхон (Хатлон-2)

Вазни -63кг
1. Ёқубов Абдураҳмон (Суғд-1)
2. Саломатов Шуҳрат (Душанбе)
3. Ниёзмамадов Элчибек (Душанбе)
3. Ҳамидов Меҳроб (Душанбе-1)

Вазни -69кг
1. Амонов Саидикром (Душанбе-1)
2. Оғоназаров Шоҳрух (ВМКБ)
3. Назаров Амирҷон (Хатлон-2)
3. Қурбонов Имомдод (Душанбе)

Вазни -75кг
1. Мирзомуҳаммад Бахтиёр (Душанбе)
2. Қаюмов Замирбек (Суғд-2)
3. Нозимов Шоҳрух (Хатлон-2)
3. Амонов Абубакр (Душанбе-1)

Вазни -81кг
1. Саидов Аҳмадҷон (Душанбе)
2. Шарипов Некрӯз (Хатлон-2)
3. Шоҳназаров Фаридун (Хатлон-2)
3. Қиматшоев Броимшо (ВМКБ)

Вазни -91кг
1. Болтаев Давлат (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷасур (Суғд-1)
3. Каримов Парвиз (Душанбе-1)
3. Муҳаммад Ҷалолиддин (Хатлон-2)

Вазни +91кг
1. Зуҳуров Сиёвуш (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷаҳон (Суғд-1)
3. Бафоев Абубашир (Душанбе)
3. Аброриддинов Муҳаммад (Душанбе-1)

Апрель 7, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад