Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 6 апрел дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷаҳони бокс бо сабаби авҷ гирифтани бемории ҳамагири COVID-19 дар карантин қарор дорад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар чемпионати мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон дар ҳайати 8 даста — дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, Суғд, дастаҳои ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд. Қувваозмоиҳо аз рӯи категорияҳои вазнии олимпӣ – 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон — сурат гирифт.
Миёни бонувон ҳамаи иштирокчиёни рақобати ниҳоӣ аз шаҳри Душанбе буданд.
Миёни мардон варзишгарони қариб ҳамаи минтақаҳо ширкат карданд. Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки чанде пеш роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оварданд, дар чемпионат ширкат накарданд.
Ба ғолибон медалу диплом ва туҳфаҳо – таҷҳизоти варзишии намуди бокс тақдим карда шуд.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон-2020
Бонувон
Вазни -51кг
1. Қосимова Сумайя (Душанбе)
2. Ҳақназарова Руҳафзо (Душанбе-1)
3. Идимоҳи Саидқул (Хатлон-1)
3. Холова Ҳусния (Хатлон-2)
Вазни -57кг
1. Самадова Миҷгона (Душанбе)
2. Абдухолиқзода Мадина (Душанбе-1)
3. Лайлои Бурҳон (Душанбе)
3. Мелибоева Фотима (ШНТМ)
Вазни -60кг
1. Зулқайнарова Шоира (Душанбе)
2. Раҳимова Шаҳло (Душанбе-1)
3. Асадова Мавлуда (Душанбе)
3. Нозимова Мавлуда (Хатлон-2)
Вазни -69кг
1. Холова Идимоҳ (Душанбе)
2. Бобоёрова Нилуфар (Душанбе)
3. Ҷалилова Ҷавҳарбӣ (Хатлон-2)
3. Малиқоева Ҷавоҳирот (Душанбе)
Вазни -75кг
1. Каримова Фарзона (Душанбе)
2. Шоймуродова Фарзона (Душанбе)
3. Одинаева Мавлуда (Хатлон-2)
3. Каримова Нодира (Хатлон-1)
Мардҳо
Вазни -52кг
1. Абдусамадзода Муҳаммад (Суғд-2)
2. Эмомалӣ Раҳмон (Хатлон-2)
3. Шобдуллоев Ганҷибек (Душанбе)
3. Рустамов Шермуҳаммад (Суғд-2)
Вазни -57кг
1. Сагизов Бахтовар (Хатлон-2)
2. Шарипов Абдулло (Душанбе-1)
3. Маҳмудов Ворис (Душанбе)
3. Дурандеш Амирхон (Хатлон-2)
Вазни -63кг
1. Ёқубов Абдураҳмон (Суғд-1)
2. Саломатов Шуҳрат (Душанбе)
3. Ниёзмамадов Элчибек (Душанбе)
3. Ҳамидов Меҳроб (Душанбе-1)
Вазни -69кг
1. Амонов Саидикром (Душанбе-1)
2. Оғоназаров Шоҳрух (ВМКБ)
3. Назаров Амирҷон (Хатлон-2)
3. Қурбонов Имомдод (Душанбе)
Вазни -75кг
1. Мирзомуҳаммад Бахтиёр (Душанбе)
2. Қаюмов Замирбек (Суғд-2)
3. Нозимов Шоҳрух (Хатлон-2)
3. Амонов Абубакр (Душанбе-1)
Вазни -81кг
1. Саидов Аҳмадҷон (Душанбе)
2. Шарипов Некрӯз (Хатлон-2)
3. Шоҳназаров Фаридун (Хатлон-2)
3. Қиматшоев Броимшо (ВМКБ)
Вазни -91кг
1. Болтаев Давлат (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷасур (Суғд-1)
3. Каримов Парвиз (Душанбе-1)
3. Муҳаммад Ҷалолиддин (Хатлон-2)
Вазни +91кг
1. Зуҳуров Сиёвуш (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷаҳон (Суғд-1)
3. Бафоев Абубашир (Душанбе)
3. Аброриддинов Муҳаммад (Душанбе-1)








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






