Қосим Роҳбар: «Тоҷикон аз қадим гулпарвар буданд ва дар зебогардонии муҳити атроф таҷрибаи бой доранд»

Апрель 13, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 18 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  даври ҷамъбастии  Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Амри мазкур баргузории озмунро дар  ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо аъзои гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда, то имрӯз дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонидааст.

Муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар доир ба натиҷаҳои баргузории озмун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: «Ҳадаф аз доир намудани озмуни мазкур  — ин баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».

Ба иттилои Қосим Роҳбар, соли 2019 гулу буттаҳои шинонидашуда дар мамлакат 15 млн 853 ҳазору 690 бехро ташкил медод, имсол он 18 млн 333 ҳазору 244 бех буда, нисбат ба соли гузашта 2 млн 479 ҳазору 554 бех зиёд мебошад. Аз ҷумла, гули лола соли 2019 ба миқдори 2 млн 673 ҳазору 123 бех парвариш гардидааст, ки ин нишондиҳанда имсол ба 8 млн 1430 ҳазору 810 бех  расонида шуда, нисбат ба соли гузашта 5 млн 457 ҳазор 687 бех зиёд мебошад.

«Баргузории озмуни мазкур нишон дод, ки тоҷикон  аз қадимулайём гулпарвар буда, ба зебоиву зебопарастӣ, ободиву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, дар парвариш ва зебогардонии муҳити атроф собиқаи калон ва таҷрибаи бой доранд»,- афзуд К.Роҳбар.

Имсол бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни гулҳо- «Сайри гули лола» барои иштирокчиёни озмун номинатсияҳои нав, аз қабили «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашту хиёбони беҳтарин», «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин» пешниҳод гардиданд,-илова кар номбурда ва шарҳ дод, ки ғайр аз ин ба ҳайати гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди маълумот оид ба сабзиши гулҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, таъмини иштироки фаъолонаи мутахассисони соҳа дар баргузории чорабинии ҷамъбастии озмун дар маҳалҳо, муайян намудани мавзеъҳои лолаҳои худрӯй дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ворид гардид.

Кормандони Кумита зимни баргузории даври аввали озмун ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, тибқи Низомнома ба онҳо ёрии методӣ расонида, машваратҳо баргузор намуданд.

«Дар пайи тадбирҳои андешида ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободонию гулпарварӣ вусъати тоза касб намуданд. Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо имрӯз дар тамоми қаламрави мамлакат ба чашм намоён аст-лолаҳо ба кӯчаву маҳал ва шаҳру ноҳияҳои мо ҳусни дигар зам намудаанд»,-мегӯяд Қосим Роҳбар.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки соли сипаригардида бо сабабҳои номусоидии вазъи боду ҳаво, бориши зиёди барф дар ВМКБ, қисмати ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш шинонидани гулҳои мавсимӣ, аз ҷумла гули лола аз моҳҳои апрел- май оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз дар ин минтақаҳо  Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» давра ба давра то ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, аз натиҷаи он ба роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ маълумотнома пешниҳод карда мешавад.

Иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба вилояти Суғд дар ҷамъбасти озмуни мазкур дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номии Абумаҳмуди Хуҷандӣ илҳоми гулпарварони вилоят ва тамоми ҷумҳуриро баланд бардошта, ба он ҳусни тоза бахшид.

Имрӯз мардуми гулпарвари мо бо дастони мӯъҷизаофари худ тавонистаанд тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба шаҳри гулҳо табдил диҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6 апрел аз ин зебоиҳо баҳра бурда, бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд.

Зимни боздид аз боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

«Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола  рамзи баҳор ва ҳусну назокат аст, ки мардумро ба зебоиву зебоипарастӣ ҳидоят менамояд»,- иброз дошт Қосим Роҳбар.

Апрель 13, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид