ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллион нафар наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 9-и 27 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 2 миллиону 994 ҳазору 958 нафар буда, аз онҳо 878 ҳазору 955 кас шифо ёфтаанд ва 206 ҳазору 997 тан вафот кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 987 ҳазору 322 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 55 ҳазору 415 нафар ва шумораи шифоёфтагон 118 ҳазору 781 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 226 ҳазору 629 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 870 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 23 ҳазору 190 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 117 ҳазору 727 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 197 ҳазору 975 нафар ва теъдоди фавтидагон 26 ҳазору 644 нафар мебошад.
Дар Франсия 162 ҳазору 100 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 22 856 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 157 ҳазору 770 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 976 мебошад.
Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 152 ҳазору 840 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 20 ҳазору 732 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 110 ҳазору 130 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 805 ва 29 140 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 90 ҳазору 481 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 710 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 830 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд.
Дар Россия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 6 361 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 80 949 кас расид. Аз ин шумора 6 767 нафар табобат шуда, 747 кас фавтидаанд.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 10 463 ҳолат, Украина – 8 617, Молдова – 3 408, Қазоқистон – 2 717, Ӯзбекистон – 1 869, Арманистон – 1 746, Озарбойҷон – 1 645 ва Қирғизистон — 695 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
То имрӯз дар Беларус 1 695 нафар, Озарбойҷон — 1 139, Молдова – 895, Украина — 840, Арманистон – 833, Ӯзбекистон – 789, Қазоқистон – 682 ва Қирғизистон – 395 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Илова бар ин, дар Украина 209 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 96, Беларус – 72, Арманистон – 28, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 21, Қирғизистон – 8 ва Ӯзбекистон 8 нафар фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 531 нафар буда, 207 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 50 тани дигар вафот кардаанд.
Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 17 522 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 139 ҳолати фавт ва 2 357 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 10 349 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 76 нафар фавтидаанд.
Дар Қатар 10 287 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 10 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 317 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 4 534 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 820 нафар ва шумораи фавтидагон 87 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 647 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Кувайт 20 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 3 075 нафар сироят ёфтаанд.
Шумораи мубталоён дар Сурия 43 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.