«Пушинг. Вақте ки номус боло мегирад…»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсаиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ маводи сершумор ба нашр расониданд, ки таҳлили нуктаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат яке аз муҳимтарини онҳо маҳсуб мешавад.
Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.
Нашрияи расмиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №68 (23 924) сешанбе, 7 апрели соли 2020 дар баробари нашри гузориши муфассал аз ҷараёни боздиди Пешвои миллат аз боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе, инчунин зери сарлавҳаи «Пушинг. Вақте ки номус боло мегирад…» ба хонандагони худ маводи хонданӣ пешниҳод намудааст.
Дар оғози маводи мазкур мехонем: «Дар ин гӯшаи диёр кайҳо баҳор ҳукмрон аст. Долу дарахтон ғарқи гулу ниҳолони қад — қади роҳ чун арӯсон қабои идона ба бар доранд. Аз гулбоғи навбунёд хониши бомарому гӯшнавози парандагони хушилҳом танинандоз аст. Дар ин фасли зебои сол деҳаи куҳанбунёди Пушинг маъвои писандидаеро мемонад. Боғу чамани гулпӯш, чашмаҳои зулол ва фаввораҳои қатор ҳусни гулгаштро афзудаанд. Майдони васею барҳавои боғи фарҳангию фароғатӣ хеле моҳирона бунёд гардидааст».
Муаллифи сатрҳо — адиб Маҷид Салим дар идома навиштааст, ки масоҳати майдон 0,70 гектар буда, дар дохили он зиёда аз 60 фурӯзонаки ороишиву равшанидиҳанда насб шудаанд.
«Дар боғ майдончаи калони варзиш, пулҳои лағжонак, хоначаҳои афсонавӣ бо рамзҳои тахайюлӣ тарҳрезӣ гардидаанд. Дар ин ҷо дарахтони ҳамешасабз шинондаанд, ки хоси иқлими ин замин мебошанд. Булуту коҷ, санавбару пихта ва арчаҳои кӯҳӣ ҳусни деҳаро афзудаанд. Ҳолати экологии муҳит созгори маҳфилу сайругаштҳои оммавист. Дар шафати боғу гулҳо, роҳравҳои мунаққаш ва буттаҳои ороишӣ кӯли зебое бунёд гаштааст, ки тамошои он ба кас як ҷаҳон ҳаловат мебахшад. Дар дохили кӯл моҳиҳои амури сафед, зағора, ширмоҳӣ, пешонапаҳн ва карп шино мекунанд, ки, бешубҳа, аз рушди моҳипарварӣ дар Пушинг башорат медиҳад. Масоҳати боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ 6 гектар буда, мавзеи он ҳамеша моломоли тамошобинон ва сайёҳон мебошад. Тамошогоҳи назди ҳавзи замонавӣ бунёдгардида, барои гузарондани маҳфилҳои фарҳангӣ низ созгор аст. Ҳамчунин, барои дӯстдорони варзиш майдончаи алоҳидае фаъолият дорад, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист. Дар он ҷавонон ба варзиш ва гузарондани машқу тамрин шуғл доранд», — тасвир намудааст адиб.
Муаллиф аз раванди корҳои бунёдкорӣ дар деҳа ва таърихи он ёдовар шуда, суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври зайл иқтибос овардааст: «Деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бисёр бостонии Тоҷикистон мебошад. Дар асари «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров ин мавзеъ ба сифати як гӯшаи қадимии кишварамон дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо зикр шудааст. Соли 1954 Пушинг аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёт қарор гирифта, аз дохили гаҳворасангҳои деҳа тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кӯшониён ёфт шудаанд. Ин ва бисёр далелҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд, ки Пушинг аз қабили деҳаҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар замонҳои куҳани таърихӣ ҳамчунин бо номи Ҳушанг низ ёдоварӣ шудааст».
Пушинг, — хулоса намудааст адиби тоҷик, барҳақ, мавзеи бостонӣ ва нигини Хатлон буда, дар он то ҳол расму оинҳои ниёгонамон, амсоли кашидадӯзӣ, оҳангарӣ, наққошӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, намадрезӣ боқӣ мондаанд. Ҳоло мардуми сарбаланди деҳа ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии шоиста доранд. Бовар дорем, ки дар ин ҷо боз мавзеъҳои наву тамошобоб арзи ҳастӣ мекунанд ва ин гӯшаи диёри маҳбуб ба макони дӯстдоштаи сайёҳон табдил меёбад.
Хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд оид ба ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус ва ғайра хабару гузоришҳои зиёдро мутолиа намоянд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» дар шумораи нашри рӯзи шанбе, 4 апрели худ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани сафирони Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ба имзо расидани як қатор қонунҳоро ба нашр расонидааст.
Нашрия мақолаи таҳлилии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА, Зайниддин САФАРОВ ва Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДАро зери сарлавҳаи «Давлат ва масъалаҳои рушди мафкураи миллӣ» нашр намудааст, ки дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат навишта шудааст.
Мақола бо чунин сатрҳо оғоз мешавад, ҳадаф аз навиштани ин мақола андеша намудан атрофи омили меҳварии ҳастии маънавӣ ва рӯҳии миллати сиёсӣ, дарёфти заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии рушди кишвар, бозёфт ва дарки ғояи муттаҳидкунандаи халқ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ назди аҳли зиёи мамлакат бо масъулияти том масъалагузорӣ менамоянд.
Вакилони мардумӣ навиштаанд, ки дар вохӯриҳои ҳарсола бо аҳли зиё ва дигар масъулин ба сони таҷрибаи тамаддунофари Пешдодӣ Пешвои муаззами миллат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбат ороста, оид ба вазъ, дурнамо ва роҳҳои рафъи мушкилоти соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ андеша баён менамоянд.
«Дар ин радиф, Сарвари давлат бо далелу бурҳони қавӣ пайваста афкори қишри зиёии мамлакатро ба масъалаҳои марказии ташаккули миллати сиёсӣ ҷалб намуда, вазифаҳои рӯзмарра ва марказии ташкили низоми идора, ташаккули давлати муосири миллии рушдкардаро назди насли имрӯз ва фардои кишвар бо масъулият масъалагузорӣ менамоянд. Бо ин восита аз хатарҳо ва таҳдидҳои аз раванди ҷаҳонишавӣ ва ё дигар иллатҳою бемориҳои иҷтимоӣ ба вазъи мамлакат таҳдидкунанда қишри пешоҳанги ҷомеаро огоҳ менамоянд. Мардумро ба зиракию ҳушёрии сиёсӣ даъват карда, ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят месозанд, арҷгузорӣ ва қадршиносиро ба ваҳдат, амният ва устувории давлати озоду соҳибихтиёр таълим медиҳанд», — омадааст дар мақола.
Муаллифон навиштаанд, ки ҳар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падарона, дилсӯзона ва ҳидоятгари роҳи рост ба сӯи саодати миллат аст. «Мулоқоташон бо вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки ба беҳтар кардани сатҳ ва сифати қонунҳо, демократӣ кунонидани раванди қонунгузорӣ, эҳтиром ва риояи забони адабии тоҷикӣ дар қабули қонунҳо, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрии халқу Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд, барномаи мукаммали корӣ дар панҷ соли оянда хоҳад буд»,- нигоштаанд вакилони мардумӣ.
Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» дар нашри рӯзи чоршанбе, аз (8.04.2020, №14-15) гузориш оид ба шиносоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт рӯи чоп омадааст.
Дар шумораи навбатии нашрияи ҳукуматӣ мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов таҳти унвони «Послание Лидера нации и проблемы развития просвещения» («Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат») чоп гардидааст. Дар мақола оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ, забон ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат дарҷ гардиданд.
Дар ин шумораи «Народная газета» як қатор қонунҳо ва кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 апрели соли 2020 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд, нашр шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз Сарвари давлат Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
Қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва ӯҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин амалӣ намудани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим менамоянд.
Инчунин нашрия маводи зиёдеро оид ба ҷараёни маъракаи даъвати баҳорӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Солдатами не рождаются», «ГБАО выполнила разнарядку по призыву в рядь Вооруженных Сил» ва «Первье добровольцы отправились служить» ба чоп расонидааст.
Ҳамзамон оид ба вохӯрии вакилони халқи шаҳри Душанбе бо намояндагони дин дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат дар ин шумораи рӯзнома гузориш ба нашр расидааст, ки ба қалами сармуҳаррири он Маҳбуба Камолова мансуб аст.
Хабарнигорони нашрия инчунин оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси нав (COVID-19 ), корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразм, Рӯзи иқтисодчиён, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маводи сершумор омода ва нашр намудаанд.
Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари даврии Тоҷикистон, аз қабили «Минбари халқ», «Халқ овозӣ», «Омӯзгор», «Бадахшон» «Ҳақиқати Суғд», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», «Чархи гардун», «Авиценна» ва ғайра оид ба муҳимтарин мавзӯъҳо, аз қабили корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, саноатикунонии босуръат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр намудаанд.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»