РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Маросими гусели наваскарон дар Хатлон бо ҳузури Раиси вилоят доир гардид

Апрель 4, 2020 11:25

ДУШАНБЕ, 04.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон гузориш дод, ки якчанд шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Норак, Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин дар рӯзҳои аввали моҳи апрел нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артишро пурра иҷро карданд.  Чанд  ноҳияи дигари вилоят, аз ҷумла Балҷувону Ховалинг дар арафаи иҷрои нақшаи даъват қарор доранд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят иттилоъ медиҳад, дар ин бора Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни гусели даъватшавандагон дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар дод.

Зимни суханронӣ дар назди даъватшавандагон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ҳимояи марзу буми  Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як  шаҳрванди мамлакат мебошад.Ӯ таъкид намуд, ки  хизмат дар артиш – мактаби бузург    аст ва ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро бояд аз ин мактаб омӯзанд.

Зикр гардид, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани «Рӯзи даъватшаванда» чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон идома доранд.

Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, Раиси вилоят ба ҳамаи онҳо дар адои ин рисолати пуршараф саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи ҳифзи Ватани азиз барору муваффақият орзу намуд.

Қурбон Ҳакимзода ба 700 нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру навоҳии вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Пас аз маросими кулчагазон дар варзишгоҳ намоиши рангини ҳунарӣ манзури ҷамъомадагон гардид.

Апрель 4, 2020 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»