РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Маросими гусели наваскарон дар Хатлон бо ҳузури Раиси вилоят доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузориш дод, ки якчанд шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Норак, Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин дар рӯзҳои аввали моҳи апрел нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артишро пурра иҷро карданд. Чанд ноҳияи дигари вилоят, аз ҷумла Балҷувону Ховалинг дар арафаи иҷрои нақшаи даъват қарор доранд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят иттилоъ медиҳад, дар ин бора Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни гусели даъватшавандагон дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар дод.
Зимни суханронӣ дар назди даъватшавандагон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.Ӯ таъкид намуд, ки хизмат дар артиш – мактаби бузург аст ва ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро бояд аз ин мактаб омӯзанд.
Зикр гардид, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани «Рӯзи даъватшаванда» чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон идома доранд.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, Раиси вилоят ба ҳамаи онҳо дар адои ин рисолати пуршараф саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи ҳифзи Ватани азиз барору муваффақият орзу намуд.
Қурбон Ҳакимзода ба 700 нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру навоҳии вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Пас аз маросими кулчагазон дар варзишгоҳ намоиши рангини ҳунарӣ манзури ҷамъомадагон гардид.












Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






