Раиси ҷамоат барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод намудани як шаҳрванд пора талаб кардааст

Апрель 20, 2020 14:23

ДУШАНБЕ, 20.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси яке аз ҷамоатҳои шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бо суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 21 феврали соли 2020  аз шаҳрванд Ё.З. барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод кардани писари номбурда — Ё.Ш. бо роҳи фиреб маблағи 2500 доллари америкоӣ талаб намуда, онро дар се ҳолат гирифтааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад, номбурда бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Ё.З. зарари калони модӣ расонида, аз ҷониби мақомоти зикргардида бо ҷурми гирифтани пора айбдор дониста мешавад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба айбдоршаванда  бо моддаи 247, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтиши пешакии он идома дорад.

Апрель 20, 2020 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд