Роҳбарони ниҳодҳои тиббӣ-ҳарбии СААД оид ба мубориза бо коронавируси COVID-19 машварат доир намуданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вокуниш ба буҳрони СААД роҳбарони ниҳодҳои тиббӣ-ҳарбии идораҳои мудофиавии давлатҳои аъзои СААД оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавируси COVID-19 машварати ғайринақшавӣ доир намуданд. Хабар дар ин бора дар сомонаи СААД ҷойгир карда шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Иштирокчиён таваҷҷуҳи хоссаро ба масъалаҳои кор дар низоми карантин ва усулҳои интиқоли беморони вазнин зоҳир намуданд»,- гуфта мешавад дар хабар. Таъкид гардид, ки ба ҷуз ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ба идораҳои мудофиавӣ масъулият барои омодабошии ҳарбӣ ва қобилияти ҷангии қувваҳои мусаллаҳ вогузорӣ гардидааст.
«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар ин шакл оид ба таҳлили маълумот дар бораи вазъи паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 ва мубодилаи фаврии таҷриба байни мутахассисони идораҳои мудофиавии давлатҳои аъзои СААД идома ёбанд»,- таъкид шудааст дар сомонаи СААД.
Машварат таҳти роҳбарии сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал- полковник Анатолий Сидоров гузашт. Дар он дар низоми видеоконференсия сармутахассисони ҳарбӣ дар соҳаи эпидемиология, бемориҳои сироятшаванда, анестизиолог– реаниматологҳои идораҳои мудофиавии давлатҳои аъзои СААД иштирок намуданд.








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






