«Робияи чилгазамӯ» дар «Чакомаи гесӯ» ба рӯи саҳнаи Кохи фарҳанги Ҳисор баромад
ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор Фестивал-озмуни «Ҷакомаи гесӯ» доир гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок карда, ҳунари худро муаррифӣ намуданд.
Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида мешавад. Ҳадафи озмун татбиқи сиёсати давлат дар самти дастгирии занону духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии онҳо, таҳкими нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби либосҳои миллӣ, ҳунарҳои ороишию машшотагӣ ва иҷрои нақшаи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» мебошад.
Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» аз се бахш иборат буд. Дар бахши аввал иштирокдорони он ороиш ва мӯйбофии қадимӣ, ҳунари машшотагӣ дар доираи расму оинҳои миллӣ, чун саршӯёну арӯсбаророн, майдабофӣ, зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофию панҷак, пилта, улама, силсила бо либосҳои хоси маҳалро ба намоиш гузоштанд.
Бахши дуюми озмун ба олами зебои афсонавӣ шабоҳат дошта, малоҳату тароват ва зебоии мӯй ба таври бадеӣ, дар асоси афсонаю ривоятҳо, амсоли «Робияи чилгазамӯ» намоиш дода шуданд.
Дар бахши сеюм, ки фарогири ороиши мӯй ва либоси замонавии муосир буд, тарзи замонавии ородиҳӣ дар омезиш бо усули қадимӣ нишон дода шуд.
Ҳунармандону ромишгарон бо пешниҳоди суруду таронаҳои ҷаззобу шӯх ва мусиқии дилнавоз табъи ширкаткунандагонро болида гардониданд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






