«Сайёҳии корӣ — воситаи пешбурди саноати сайёҳӣ»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 2, 2020 15:34

ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расонид. Инъикоси ҷараёни сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, раванди корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои рушди сайёҳӣ, саноатиcозии босуръати мамлакат ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз зумраи муҳимтарини онҳо ба ҳисоб мераванд.

Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.

«Сайёҳии корӣ — воситаи пешбурди саноати сайёҳӣ», — таҳти чунин сарлавҳа нашрияи расмиии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи авали шумораи №63 (23 918) чоршанбе, 1 апрел, маводи таҳлилии хабарнигор Шаҳноз Қурбонро ба нашр расонидааст.

Дар оғози ин мақола мехонем, ки сайёҳии корӣ яке аз навъҳои сердаромад ва доимии соҳа буда, қариб дар тамоми ҷаҳон босуръат афзоиш меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дурнамои муайян дошта, мавқеи геополитикӣ ва захираҳои табиии мамлакат ба афзоиши шумораи сафарҳои вобаста ба тиҷорат ва омӯзиш, конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Муаллиф навиштааст, ки мувофиқи таҳлилу омӯзишҳои мутахассисон, нишондиҳандаҳои сайёҳии корӣ дар миқёси ҷаҳон босуръат афзоиш ёфта, ба саноати сайёҳии корӣ 60 дарсади тамоми сайёҳии ҷаҳонӣ рост меояд. 55-60 дарсади ҷойҳо дар меҳмонхонаҳо аз ҳисоби сафарҳои корӣ пур мешаванд.
«Қаблан миқдори сафарҳои кории байналмилалӣ дар як сол тақрибан ним миллион буда, тибқи пешгӯиҳо, соли 2020 ин рақам се баробар афзуда, ба 1,6 миллиард сафар хоҳад расид. Таносубан, гардиши асъор ҳам афзоиш ёфта, ба андешаи коршиносон, ҳудудан 2 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад»,- нигоштааст хабарнигори «Ҷумҳурият».

Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии корӣ, ҳудуди 40 дарсади сафарҳои корӣ дар ҷаҳон ба минтақаи Аврупо рост меоянд.

«Хароҷоти ҳаррӯзаи тоҷир ҳангоми сафари корӣ аз хароҷоти ҳаррӯзаи сайёҳи одӣ ба ҳисоби миёна се маротиба зиёдтар аст. Аз ин рӯ, Россия ба мисли бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамасола ҳамоишҳои зиёди байналмилалӣ мегузаронад. Ғайр аз ин, ташкилкунандагон ҳангоми баргузории барномаҳои иловагии саёҳат минтақаро чун макони сайёҳӣ таблиғ мекунанд, то меҳмонон хоҳиши баргаштан ба ин ҷоро намоянд. Аз ин ҷост, ки сайёҳии корӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад»,- навиштааст Шаҳноз Қурбон.

Дар чор шумораи ҳафтаи гузашта нашршудаи «Ҷумҳурият» оид ба маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин ва озод намудани роҳбарони мақомот ва сафирони Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин татбиқи сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабару гузориш ва маводи таҳлилии сершумор ба нашр расидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» дар шумораи нашри 2 апрел (№40, 4146) оид ба гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳо гузориш ба нашр расонида, иттилоъ додааст, ки ин раванд бемонеа идома дорад.

«Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе аз таҳлилгарон дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус ба иқтисоди миллӣ, бахусус дар самтҳои дастгирии соҳибкорон ва қишри осебпазири ҷомеа маълумоти носаҳеҳ пешниҳод шуда истодааст»,- омадааст дар оғози гузориши мазкур.

Дар ин робита нашрия хотиррасон намудааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали сар задани коронавирус дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии воридшавии он ба мамлакат, таъмини бехатарии аҳолӣ ва кам кардани таъсири эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии вирус тадбирҳои фаврии судманд андешида истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати мунтазам баррасӣ ва ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридшавии коронавирус, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст. Инчунин дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ситодҳои махсус вобаста ба тақвияти корҳои пешгирикунанда таъсис ёфтаанд, ки фаъолият доранд.

«Садои мардум» бо истинод ба котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки вазъи иқтисодии мамлакат, бо дарназардошти таъсири эҳтимолии омилҳои беруна пайваста бо сенарияҳои гуногун баҳодиҳӣ карда шуда, ҷиҳати кам намудани таъсири омилҳои манфӣ ва таъмини рушди устувори мак­роиқтисодӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд, вале чун ин ҳама хусусияти хизматӣ доранд, дар воситаҳои ахбори омма кам нашр мегарданд.

«Ҳоло, новобаста аз он ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус рафтуомади шаҳрвандон байни давлатҳо, аз ҷумла, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ муваққатан қатъ шудааст, тибқи созишномаҳои дуҷониба миёни давлатҳо гардиши молу маҳсулот, бахусус, маҳсулоти озуқаворӣ, бемамониат сурат гирифта истодааст»,- афзудааст манбаъ.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вазъи кунунӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд оид ба ҷалби ҳарчӣ бештари маблағҳои грантӣ пайваста гуфтушунид намуда истодааст. Маблағҳои ҷалбгардида барои дастгирии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, соҳибкорони ватанӣ ва таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мегарданд.

«Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои дастгирии бахши хусусӣ, таъмини рақобатпазирии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад», — хулоса намудааст «Садои мардум» дар такя ба манбаи худ.

Нашрияи русзабони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета»  дар нашри 1 апрел  хабару гузоришҳо оид ба  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғдро ба нашр расонидааст.

Инчунин дар нашрия оид ба маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш чоп шуда, дар саҳифаҳои дигари он як зумра фармонҳои Пешвои миллат нашр гардидаанд.

Дар ин шумора маводи «ЦКВР: выборы нового созыва Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан состоялись» ва «Председатель города Душанбе Рустами Эмомали избран членом Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан», ки оид ба интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, рӯи чоп омадаанд.

Инчунин дар ин шумораи нашрия таҳти сарлавҳаи «Таджикистан готовится к переписи населения» мавод нашр шудааст. Маводи мазкур оид ба  гузаронидани маъракаи бақайдгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли равон баргузор мегардад, нақл мекунад.

Дар ҳошияи мулоқоти анъанавии Сарвари давлат бо зиёиёни мамлакат дар саҳифаҳои дигари ин шумора маводи таҳлилии доктори илмҳои сиёсӣ Абдураҳмон Муҳаммад ва доктори илмҳои фалсафа Абдураҳмон Қурбонов нашр гардидаанд.

Ҳамзамон дар ин шумора хабарнигорони нашрия оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19 ) ба хонандагон маълумот пешниҳод намудаанд.

Нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» дар шумораи нашри 1 апрел, №12(601) оид ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хабар ба нашр расонидааст.

Гуфта мешавад, ки 27 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И. Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе №4 баргузор шуд.

Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ – 217 шумораи овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуданд.

«Интихобот тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 4 декабри соли 2019 оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид»,- омадааст дар иттилоия.

Хабарнигорони нашрия оид ба масъалаҳои дигари рӯзмарра хабару гузориш ва маводи хонданӣ омода ва ба нашр расонидаанд.

Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари даврии Тоҷикистон, аз қабили «Минбари халқ», «Халқ овозӣ», «Омӯзгор», «Бадахшон» «Ҳақиқати Суғд», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», «Чархи гардун», «Авиценна» ва ғайра оид ба муҳимтарин мавзӯъҳо, аз қабили корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, саноатикунонии босуръат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр  намудаанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2020 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид