Сайёҳон баъди карантин саёҳати худро дар Тоҷикистон идома доданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд нафар сайёҳе, ки ҳангоми ворид шудан ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи хуруҷи коронавирус дар шаҳри Хоруғ ба карантин фаро гирифта шуда буданд, баъди анҷоми он тавассути хатсайри Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Данғара-Норак-Душанбе саёҳати худро идома доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Ин сайёҳон дар пайи хуруҷи коронавирус ҳангоми ворид шудан ба сарҳади давлати мо дар шаҳри Хоруғ ба карантин фаро гирифта шуданд. Онҳо аз шароит ва хизматрасонии макони карантин изҳори қаноатмандӣ намуда, тавассути хатсайри Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Данғара-Норак-Душанбе саёҳати худро идома доданд», — тазаккур доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Дирӯз дар шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҳоли сайёҳоне, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, хабар гирифтанд. Имрӯз бо роҳнамоии кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва хизматрасонии ширкати сайёҳии «Ориент Адвентур» сайёҳон аз маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, назири Кохи Наврӯз, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ дидан намуданд.
«Сайёҳон таассуроташонро аз шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти сайёҳӣ рангин баён намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон солҳои наздик ба рушди ҳарчи бештари сайёҳӣ муваффақ гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар минтақа мубаддал хоҳад гардид. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бойи рекреатсионӣ буда, бо табиати дилфиребу нотакрораш таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб месозад»,- илова намуд манбаъ.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Германия дар Тоҷикистон барои бозгашти ин сайёҳон тадбир андешида истодаанд.












«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад






