Сардори шуъбаи Нозироти андози шаҳри Бохтар ҳангоми гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ба сифати пора дастгир шуд

Апрель 11, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 11.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти муовини сардор — сардори шуъбаи Нозироти андози шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки ба гирифтани пора айбдор дониста мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии мазкур хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки номбурда аз рӯӣ маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси ҳамин Нозирот бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт аз шаҳрванд С.Д., ки дар шаҳри Бохтар ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул аст, бо роҳи фиреб 10 ҳазор сомонӣ талаб намуданд.

«Минбаъд онҳо барои ба анҷом расонидани нақшаи қаллобонаи худ аз соҳибкор 5 ҳазор сомониро пешакӣ гирифта, 25 январ баъди гирифтани 4 ҳазору 150 сомонии дигар дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуданд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Нисбат ба  дастгришудагон бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтиши пешакии он идома дорад.

Апрель 11, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид