Шӯрои уламо: 24 апрел рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон аст
ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷумъа, 24 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Соли равон давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, он 23 май ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 24 май дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин имрӯз қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қабул гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар медиҳад, ниҳоди мазкур дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян намудаанд, ки соли равон оғози моҳи шарифи Рамазон ба ин рӯз рост меояд.
Зимнан, 17 апрел Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон қарори қабул намуд, ки тибқи он дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шуданд.
Шӯрои уламо ба шаҳрвандони мамлакат тавсия додааст, ки закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон ва маъюбон дода шаванд. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.
«Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим бояд қатъиян риоя карда шаванд»,- омадааст дар қарори Шӯрои уламо.








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд






