Шодихон Ҷамшед: вазъи номусоиди ҳаво сабаби гирифтории зиёд ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед вобаста ба хабару овозаҳои бардурӯғе, ки рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасанд, зикр намуд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, балки ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, дар ин рӯзҳо гирифторшавии якбора ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт. То имрӯз дар ҷумҳурӣ миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ин гуфтаи Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи навбатии ситод оид ба пешгирии сирояти коронавирус, ки 17 апрел дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, садо дод. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода, роҳбарони як зумра раёсатҳо ва директорони муассисаҳои тандурустии пойтахт иштирок намуданд.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва нишондиҳандаи беморшавӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 (нишондод ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ) чунин мебошад:
бемории зуком (грипп) 9982 нафар, илтиҳоби шуш (пневмания) 12802 нафар, ОРВИ 350 702 нафар, диққи нафас 1293 нафар ва домана 8 нафар.
Яъне, омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Аз ин рӯ лозим аст, ки моҳияти аслии ин беморӣ аз ҷониби табибони оилавӣ ба шаҳрвандони мамлакат расонида шавад, то дар ин лаҳзаҳои ҳассос сокинон ба таҳлука наафтанд.








«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид






