Шуъбаи махсуси карантинии ВКД ҷойҳои ҷамъиятиро тамиз мегардонад
ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва хатар аз эҳтимоли бемории коронавирус дар таркиби шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД дастаи тамизкунанда (дезотряд) ташкил намудааст.
Дастаи мазкур ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, хиёбону гулгашт, боғу майдонҳои пойтахтро бо маҳлули дорои гипохлориди натрий тамиз гардонида истодааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дастаи тамизкунанда бо мақсади халалдор накардани истироҳат, сайру гашт ва фароғати шаҳрвандон чунин корҳоро шабонгоҳон мегузаронад. Аъзои дастаи шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД бо мошин, дастгоҳу воситаҳои хос, либос, дастпӯшҳо, ниқобҳои махсуси зиддикимиёӣ таъмин буда, барои безараргардонии муҳити атроф аз вирус маҳлулҳои кимиёии ган, неатсидол, ратсидол, алмадез, формалин, параформ) ва ғайраҳоро истифода мебаранд.
Бахусус он мавзеъҳое, ки дар ҳудуди маҳаллаву шаҳракҳо барои патовгоҳ ҷудо гардидаанд, атрофи партовгоҳҳо низ барои бехатарии сокинон аз ҳар гуна таҳдидҳои сироятёбӣ бо истифода аз маҳлулҳои кимиёӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе аз тарафи дастаи тамизкунанда тоза карда шуданд.
Чунин корҳои кимиёии зиддивирусӣ дар дигар вилояту шаҳр ва ноҳияҳои мамлакат баҳри мубтало нагардидани шаҳрвандон ба бемории коронавирус гузаронида мешаванд.
Илова бар ин дар коргоҳи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ аз матои пахтаи ватанӣ ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар як моҳи охир бо заҳмати 70 нафар чеварони коргоҳи дӯзандагӣ 76 900 адад ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда шуда, ба ҷузъу томҳои ВКД ва мавзеъҳои карантиние, ки барои шаҳрвандони аз хориҷи мамлакат омада муайян карда шудаанд, ройгон тақсим карда шуданд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






