Сохтмони пули нави мошингузари деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон оғоз гардид

Апрель 2, 2020 10:52

ХОРУҒ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар болои рӯдхонаи кӯҳии деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон пули нави мошингузар сохта  мешавад.  Дарозии пул 18 метр буда, он бо маблағгузории Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бунёд мегардад. Роҳсозон тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии фасли сармо пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Пули кӯҳнаи мошингузари ин деҳа аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда, бо мурури замон бар асари селфароӣ рӯ ба харобшавӣ овардааст. Ин пул дар масири Душанбе-Хоруғ-Кулма ҷойгир буда, ҳамарӯза аз болои он садҳо мошини мусофирбару боркаш ҳаракат мекунанд.

Ба гуфтаи муҳандиси пули мазкур Бахтибек Исҳоқов, сокиноне, ки дар  атрофи ин пул зиндагӣ мекунанд, ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор ба таҳлука меафтанд. Зеро пас аз ҳар борону омадани сел зери пул аз сангу хок пур шуда, об  ба тарафи хонаҳои истиқоматӣ ҳаракат мекунад.

Чаҳор сол пеш қариб 8 хона зери сел монда, соҳибонашон маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк ва поён аз роҳи мошингард хона бунёд кунанд. Аммо ин қитъаи замин низ ба соҳили рӯдхона наздик аст ва агар пули баланду мустаҳкам сохта нашавад, боз ҳам ба ҳаёти ин сокинон хатар таҳдид мекунад.

Ҳоло бунёди пули нав оғоз шуда, пас аз ба итмом расидани он сокинони деҳа бе тарсу ваҳм аз он гузар мекунанд.

Апрель 2, 2020 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид