Сокинони деҳаи Вишхарви водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо оби тоза таъмин гардиданд

Апрель 28, 2020 16:37

ХОРУҒ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи  Ванҷ  иншооти обтаъминкунӣ  барои  70  хоҷагии деҳаи Вишхарв бо сарфи 699 ҳазору 394  сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.  

Деҳаи Вишхарви  Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  аз охири  солҳои  90-уми асри гузашта то инҷониб  ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ надошт. Ҳафтод хонаводаи  ин деҳа  маҷбур буданд, ки аз масофаи аз 3 то 4 километр гоҳе пиёда ва гоҳе савора ба манзилашон об кашонанд.

Ин вазъро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия  дар ҳамдастӣ  бо шарикони рушд тирамоҳи соли гузашта ба бунёди иншооти обтаъминкунӣ оғоз намуданд. Раёсати Швейтсария оид ба рушд барои сохтмони ин иншоот 2 миллион сомонӣ ҷудо кард.

Котиби Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  Зўхро Шошоева  гуфт, ки “бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини  сокинони водии Язгулом  бо обу тозаю неруи барқ идораву муассисаҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Дар даҳ соли охир мушкили дастрасии сокинони водӣ баробари ба охир расидани таъмиру таҷдиди неругоҳи барқии Андарбак аз байн бардошта шуд. Давоми ин солҳо боз дар ду деҳаи калон қубурҳои обгузар ва ҳам барои обёрӣ ба истифода дода шуданд”.

Бунёди ҳавзи захираи об ва қубури обгузарро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шодмон» бар уҳда дошт. Ба сохтмон сокинони маҳаллӣ ҷалб шуданд. Коргарон   дар масофаи 14 километр  418 метр  ҷӯйбор канда, кубурҳои обгузари ғунҷоишашон 75 мм насбу васл карданд. Об ба воситаи қубурҳои обгузар  ба ду ҳавзи танзими об  ва  6 нуқтаи техникии дорои ҳисобкунакҳо  ҷорӣ шуда, сипас ба ҳавлии сокинон мерасад.

Дар ифтитоҳи расмии иншооти обтаъминкунӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ширкат намуданд.

 

Апрель 28, 2020 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад