Соли 2020 дар Тоҷикистон ба эмгузаронии кӯдакон 17 миллион сомонӣ равона гардидааст

Апрель 20, 2020 17:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 26 апрел дар Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» сурат мегирад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин самти соҳаи тандурустӣ, ки яке аз соҳаҳои  афзалиятнок ба шумор меравад, сол то сол маблағгузориро зиёд менамояд.  Агар соли 2018  ба эмгузаронии кӯдакон 11 миллион сомонӣ равона шуда бошад, дар соли 2020 ин маблағ ба 17 миллион сомонӣ расидааст.  Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти тамоми соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирии ин гуна бемориҳо бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемории сироятӣ паст карда мешавад.

Дар ин хусус имрӯз дар ҳамоише, ки  дар  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода  иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода,  директорон ва роҳбарони як зумра муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

«Иммунизатсия – ин сармоягузорӣ ба солимӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дар давоми ҳаёташон мебошад. Бо шарофати ваксинаҳо аксари кӯдакон ва калонсолон дар минтақаи аврупоии ТУТ бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ таъсирнопазир мебошанд. Илова бар ин, теъдоди нафарони хоҳишманд барои иммунизатсия гирифтан бар зидди сирояти пневмококӣ, вируси папилломаи одам ва вируси гепатити «В»  рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, зеро онҳо аллакай оризаҳои вазнини ин бемориҳоро дарк мекунанд ва намехоҳанд, ки ба чунин бемориҳо гирифтор шаванд»,-афзуд  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин зикр шуд, ки мушкилоте, ки имрӯз аҳли ҷомеаро нигарон кардааст, ин бемории сироятии коронавирус ё худ COVID-19 мебошад. Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада, яъне пандемияи сирояти коронавирус дар изтироб мебошанд. Кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон айни замон кӯшиш ба харҷ дода, чораҳоро баҳри ҳарчӣ зудтар коркард намудани ваксина зидди ин беморӣ равона карда истодаанд. Бемории мазкур бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ  дарк намуда, зимни он бетараф набошанд. Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон, иммунизатсияи тақвимӣ маҳз ҳамин рӯзҳо назар ба давраҳои гузашта бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ сар задани хурӯҷи бемориҳои дигари сироятии идорашавандаро роҳ  набояд дод.

Ба гуфтаи Директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Зафарҷон Азизов, эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатити В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ барои кӯдакони то синни 6-сола пешбинӣ шудааст.
Ба шарофати иммунизатсия ҳар сол қариб  6 миллион ҳаёти кӯдакон наҷот дода мешавад.  Дар ҷаҳон ҳастанд нафароне, ки эмгузаронии давриро намегиранд. Аз ин сабаб то ҳол кўдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки онҳоро ба воситаи эмкунӣ пешгирӣ кардан мумкин аст.
Бино ба маълумоти оморӣ, тариқи эмкунӣ ҳамасола 7,5 миллион нафар кӯдакон аз маъюбшавӣ эмин нигоҳ дошта мешаванд.

Дар қатори дигар давлатҳои Аврупо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия доир карда мешавад. Ин  чорабинии муҳими соҳаи тандурустӣ бо ташаббуси  Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  аз соли 2006 инҷониб ҳамасола роҳандозӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ ба мавзӯъҳои гуногун бахшида мешавад. Соли равон ҳафтаи мазкур ба мавзӯи «Соли байналмилалии хизматрасонии ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо» бахшида шудааст.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  Саида Умарзода зикр намуд, ки давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамасола  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро (ҲАИ) ҷашн мегиранд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо карда, аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифтааст. Тоҷикистон  узви баробарҳуқуқи  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди ТУТ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Агентии рушди байналмилалии Амрико ба тадбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба паст кардан ва маҳв намудани бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсия як зумра корҳоро оғоз намудааст.  Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, барои такмили системаи иммунопрофилактика дар мамлакат ва беҳтар намудани саломатии кӯдакон равона шудаанд»,-гуфт номбурда.

Мақсади асосии баргузор намудани Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия-ин  баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳ доштани солимии аҳолӣ мебошад. Бояд гуфт, ки соли 2018 дар минтақаи аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зиёда аз 82 ҳазор  нафар одамон гирифтори бемории сурхча гашатаанд, ки аз ин теъдод 72 нафарашон аз оризаҳои вобаста ба беморӣ фавтидаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2020 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб