Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд. Ин иқдом бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл қабул гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар робита ба ин роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилйева мегӯяд, ки «ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба як мушкилии муҳими глобалии тандурустӣ бахшида шуда, ҳамзамон аз ҷониби ҳамаи кишварҳо дар Ансамблеяи СУТ қарор қабул карда мешавад. Имсол соли махсус аст, зеро агар солҳои қабл мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба масъалаҳои бемориҳои дилу рагҳо, саломатии рӯҳӣ, бехатарии роҳ, модар ва ғайра бахшида мешуд, соли равон бори аввал дар таърихи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бобати ба кормандони ҳамширагӣ ва момодоягӣ бахшидани Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ қарор қабул гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки СУТ ба ин иқтидори бузурги кормандони соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Айни замон дар ҷаҳон 70%-и кормандони тибро ҳамшираҳо ва момодояҳо ташкил медиҳанд, ки нақши онҳо дар таъмини солимии аҳолӣ хеле калон мебошад».
Ҳамчунин Галина Перфилйева аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аксар вақт саҳм ва мавқеи ин табақаи соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини саломатии аҳолӣ аз назарҳо дур мемонад. Тадқиқоти сершумори илмии СУТ нишон медиҳад, ки самаранокии ҳар як системаи тандурустӣ ва арзиши иқтисодии он аз самаранокии кор, аз ҷумла кори кормандони акушерӣ муайян карда мешавад. Ҳамзамон бояд гуфт, ки 70% корҳои профилактикӣ аз ҷониби ҳамшираҳо ва момодояҳо иҷро карда мешаванд. Дар бисёр кишварҳои олам ҳамшираҳо на танҳо маълумоти ибтидоии касбӣ, балки маълумоти олии тиббӣ низ доранд. Имрӯзҳо дар бисёр давлатҳо ҳамшираҳое ҳастанд, ки доктори илмҳои ҳамширагӣ ва профессорони акушерӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҳамшираҳо ва момодояҳо диққати бештар диҳем.
«Имрӯзҳо тақрибан дар аксари кишварҳои ҷаҳон мубориза бо коронавирус ҷараён дорад, ки ҳамшираҳо ва момодояҳо дар сафи пеши мубориза бо ин сироят қарор доранд. Агар мо ба ҳамшираҳо ва момодояҳо диққати бештар диҳем ва барои корҳои анҷомдодаашон ба онҳо миннатдорӣ баён намоем, фикр мекунам, ин ба манфиати аҳолӣ ва низоми тандурустии тамоми давлатҳо мебошад», — гуфт роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилйева.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






