Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

Апрель 23, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 23.04.2020  /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Идораи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаи пешгирии паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19, пайомадҳои он ба мамлакат ва дар ин замина мусоидати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон табодули назар роҷеъ ба видео-конфронси қарибулвуқӯи минтақавӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи ин беморӣ сурат гирифт.

Апрель 23, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид