Суғд: ду корманди милиса ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар дастгир гардиданд

Апрель 24, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 24.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муфаттиши шуъбаи тафтишотӣ ва ваколатдори калони фаврии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари америкоӣ дастгир гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Номбурдагон моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҳ.А. барои нисбат ба ӯ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ ба ин амал даст задаанд.

Боздоштшудагон аз номбурда дар хусуси гӯё бо роҳи дуздӣ аз Россия ба Тоҷикистон воситаи нақлиёт ворид намуда бошад, ҳазор доллари америкоӣ талаб намуда, гирифтаанд.

«Инчунин бо ҳамин роҳ аз шаҳрванд И.Ш. низ нуҳ ҳазор доллари америкоиро  тасарруф намудаанд», омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 247, қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Апрель 24, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд