СУТ: ҳафтаҳои наздик барои Аврупо ҳалкунанда хоҳанд буд

Апрель 17, 2020 10:42

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори бюрои аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Ханс Клюгге  дар брифинг, дар Женева  аз андешидани тадбирҳои осемасар  барои сабук кардани маҳдудиятҳои вобаста  ба пандемия  ҳушдор дод,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти  иттилоотии СММ.

Давоми даҳ рӯзи охир теъдоди сироятёфтагони COVID-19 дар минтақаи Аврупо дучанд афзуда, аз оғози хуруҷи он дар Аврупо 84 ҳазор фавтидаанд. Роҳбари шуъбаи минтақавии СУТ гуфт, ки ҳафтаҳои охир сатҳи сироят дар Германия, Италия, Испания, Франсия ва Швейтсария коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон ӯ изҳори нигаронӣ намуд, ки вирус дар дигар кишварҳои Аврупо доман паҳн мекунад. Ӯ огоҳ намуд, ки ҳафтаҳои  охир барои Аврупо  сарнавиштсоз хоҳанд буд.

«Дар ҳеҷ  сурат набояд  ҳушёриро аз даст дод»,- гуфт Ханс Клюгге. «Албатта, нигоҳ доштани масофа, карантин ва дигар тадбирҳо оид ба боздоштани сироят ба зиндагии одамон ва музди кори онҳо бетаъсир нахоҳад монд. «Одамон  донистан мехоҳанд, ки  боз чӣ қадар сабру таҳаммул метавон кард. Ҳукуматҳо  ва ниҳодҳои тандурустӣ  бояд ба мардум фаҳмонанд, ки кай, дар чӣ гуна шароит ва ба кадом тарз гузариш дар шакли таҳаввулоти нарм имконпазир мегардад».

Роҳбари Дафтари минтақавии СУТ огоҳ намуд, ки дар муқовимат алайҳи COVID-19 пирӯзӣ осон ба даст намеояд. Моро вазъияти мушкил ва пешгӯинашаванда дар пеш аст, ки  эҳтимол тағйироти фаврии амалҳоро  дар ҷараёни кор тақозо хоҳад кард. Маҳдудиятҳо бояд тадриҷан анҷом пазиранд ва мунтазам назорат карда шаванд. «Дар ниҳояти кор, таъсири вирус аз он вобаста хоҳад буд, ки мо чигуна рафтор мекунем»,-  чунин хулоса кард директори бюрои минтақавии СУТ.

Ханс Клюгге шаш шарти муҳими заиф гардонидани карантинро номбар кард: далелҳое  мавҷуданд,  ки сирояти вирус зери назорат қарор дорад;  низоми нигаҳдории  тандурустӣ қодир аст ҳолатҳои шубҳанокро ошкор сохта, онҳоро аз дигарон ҷудо сохта, аз санҷиш гузаронад, робитаҳои онҳоро зери назорат гирифта, карантин ҷорӣ намояд;  ҳаддалимкон кам кардани хуруҷи беморӣ  дар он ҷое, ки   хатар зиёд аст, алалхусус дар хонаи пиронсолон;  дар ҷойҳои корӣ тамоми шароит барои пешгирӣ муҳайё гардидааст, яъне нигоҳ доштани масофа ва  шустани пайвастаи дастҳо; кишвар барои андешидани тадбирҳо дар сурати пайдо шудани сироят омода аст;  ҷомеа  ҳуқуқи садо баланд кардан дорад ва ба раванди гузариш ҷалб шудааст.

«Агар шумо имконияти иҷро кардани ин  шартҳоро надошта бошед,  пас,  пеш аз сабук кардани маҳдудиятҳо, амиқ андеша кунед!», — даъват ба амал овард директори минтақавии бюрои аврупоии СУТ.

«Мо ҳанӯзам  дар  чанги ин тӯфони офат ҳастем»,- боз ҳам ҳушдор дод Ханс Клюгге. Аммо мо қодирем, ки садди роҳи вирус бишавем. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи ин дар сурати риоя намудани шартҳои болозикр имконпазир мегардад.

Тибқи маълумоти охирин, теъдоди умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи  сирояти COVID-19  дар ҷаҳон 2,1 миллион нафарро ташкил дода,  зиёда аз 145 ҳазор нафар вафот кардаанд.

Акс аз бойгонӣ.

Апрель 17, 2020 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид