СУТ аввалин нишонаҳои коронавирусро номбар намуд

Апрель 6, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз нишонаҳои аввалини коронавирус ҳарорати баланди бадан мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Маргарет Харрис дар мусоҳиба бо шабакаи  телевизионии «Россия 1» изҳор намудааст.

Одамон мегӯянд, ки нимашаб дар ҳолати хирасарӣ бедор мешаванд, худро хеле бад  ҳис мекунанд ва намефаҳманд, ки бо онҳо чӣ рӯй додааст»,- гуфт Харрис.

Ӯ афзуд, ки баъди ин беморон дарҳол хунук хӯрда, онҳоро табларза мегирад.

«Нишонаи аз ҳама возеҳи  ин беморӣ вараҷа ва ҳарорати беш аз 38 дараҷа мебошад»,- зикр намуд номбурда.

Ба қавли ӯ, зиёда аз 90 фоизи беморон бо чунин ҳолат дучор мешаванд.

Мутобиқи маълумоти СУТ, дар тамоми дунё зиёда аз як миллион бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, беш аз 57 ҳазори он  фавтидаанд. Дар Россия 5389 ҳолати сироят ошкор шудааст.

АКС: © REUTERS / Ciro De Luca

Апрель 6, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид