СУТ: озмоиши се ваксинаи коронавирус оғоз ёфта, беш аз 70-тои дигар коркард мешаванд

Апрель 16, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус   дирӯз дар брифинг, дар Женева оғози  санҷишҳои клиникии се ваксина барои коронавирусро эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Озмоиши клиникии се ваксина аллакай оғоз  шуд ва беш аз 70-тои дигар дар марҳилаи коркард қарор доранд. Мо бо шарикони худ  бо мақсади суръат бахшидан ба таҳия, истеҳсол ва паҳнкунии ваксинаҳо ҳамкорӣ дорем»,- гуфт дабири кулл.

Тавре роҳбари СУТ иттилоъ дод, дар соҳаи доруворӣ низ корҳо босуръат идома доранд. «Зиёда аз 90 кишвар ба барномаи таҷрибавии ҳамбастагӣ (Solidarity Trial)  ҳамроҳ шуданд ва ё таваҷҷуҳ зоҳир намуданд»,- гуфт директори генералӣ. Аз рӯи гуфтаи ӯ,  дар ин озмоиш беш аз 900 бемор иштирок хоҳанд кард. Ҳадафи ин озмоиш аз арзёбии  бехатарӣ ва мувофиқату самарабахшии таркиби доруҳо  иборат аст.

«Мо бо тамоми кишварҳо ва шарикон корҳоро дар ин самт идома медиҳем, то ба одамон  бо садоқат ва ҳамрайъона хизмат бикунем»,- ваъда додааст Тедрос Аданом Гебрейесус.

АКСИ «Синхуа»   

Апрель 16, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид