СУТ ваксинаи БСЖ-ро дар мубориза алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад

Апрель 14, 2020 11:34

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба он ки ваксинаи зидди сил-  БСЖ метавонад хавфи гирифторӣ ба коронавирусро коҳиш диҳад, ягон далели қатъӣ надорад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин далелҳо  СУТ онро барои пешгирии COVID-19 тавсия намедиҳад, гуфтааст созмони мазкур.

«Ҳеҷ гуна далел вуҷуд надорад, ки ваксинаи  Басилла Калмета — Герена (БСЖ) одамонро аз хавфи сирояти коронавирус ҳифз карда метавонад», омадааст дар шарҳи  ҳаррӯзаи иттилоотии СУТ.

Зикр гардид, ки «аллакай озмоишҳо дар ин самт амалӣ гаштаанд, СУТ баъди ба даст овардани натиҷаҳо онҳоро арзёбӣ хоҳад кард».

Ёдрас менамоем, ки роҳбари Агентии биотиббии Россия, собиқ вазири тандурустии ин кишвар Вероника Скворсова бовар дорад, ки ваксинаи зидди сил метавонад дар мубориза бо коронавирус нақшгузор бошад. Бархе аз олимон ин ақидаро дастгирӣ кардаанд.

Дар ин робита, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Саидбек Сатторов дар мусоҳиба бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки чун мутахассиси соҳаи тандурустӣ наметавонад бо ин фикр розӣ бошад, зеро аз нуқтаи назари илмӣ он ҳеҷ гуна  асоси воқеӣ надорад.

«Он ки миёни афроди ваксинаи зидди сил гирифта беморон камтаранд, инро танҳо тасодуф метавон номид. Зеро вирусҳои  ин бемориҳо гуногунанд, яке ба оилаи бактериявӣ, дигаре ба оилаи вирус мутааллиқ аст, байни онҳо ҳеҷ умумияте мавҷуд буда наметавонад.  Аз ин рӯ, ман бо чунин ақида розӣ буда наметавонам», — гуфт Саидбек Сатторов.

Хурӯҷи бемории коронавирус охири соли 2019 дар Чин ба қайд гирифта шуда, баъдан ба аксари кишварҳо паҳн гаштааст. 11 март СУТ онро чун пандемия эътироф намуд.

Апрель 14, 2020 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон