Табиб аз Ухан: Муҳим он аст, ки ба воҳима наафтед!

Апрель 9, 2020 10:59

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чӣ гуна бояд худро аз коронавирус ҳифз намуд, оё ниқобпӯшӣ зарурат дорад, кадом усулҳои тибби анъанавии чинӣ дар табобати беморони коронавирус истифода мешаванд? Ба ин ва дигар саволҳо дар мусоҳиба бо хабарнигори АБИ «Казинформ»  муовини роҳбари гурӯҳи миллии коршиносон оид ба табобати ТАЧ,  сардори беморхонаи ТАЧ-и Пекин, ки  муддати ду моҳ дар шаҳри Ухан, дар  сафи пеши мубориза бо коронавирус қарор дошт, посух дод.

— Оид ба таҷрибаи худ дар табобати беморони  коронавирус  бигӯед? Кадом  усулҳои тибби анъанавии Чинро дар табобати беморон истифода намудед?  

— Зимни табобат маълум шуд, ки 80 фоизи беморӣ  дар шакли сабук ё миёна ва қисман бе ягон нишонаи беморӣ зоҳир мешавад. Алҳол бемороне, ки дар онҳо ягон зуҳуроти  касалӣ нест, таҳти назоратанд. Танҳо  дар 20 фоизи одамон  беморӣ  дар шакли вазнин  ҷараён мегирад.

Бемороне, ки бидуни  аломати беморианд ва шахсоне, ки шакли сабукро аз  сар мегузаронанд, онҳоро ҳатман аз дигарон ҷудо намудан лозим аст, то беморӣ ба шакли вазнин табдил наёбад.

Усулҳои табобати анъанавии чинӣ дар ҳолати сабук будани беморӣ самаранокии худро собит намуданд.

Бо кумаки усулҳои ташхиси ТАЧ  мо ошкор намудем, ки коронавируси нав ба навъи бемориҳои «зодаи намнокӣ»  матааллиқ аст, барои беморони дардашон нисбатан сабук мо метавонем се усули асосиро истифода намоем: якум- «хориҷ намудани намнокии зотӣ», дуюм – «безараргардонӣ», сеюм – рафъи ҳарорат ва фаъолгардонии гардиши хун.

Мутобиқи тибби анъанавии Чин, ин беморӣ аслан ба шуш, испурҷ ва меъда таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, мо давоҳоро бештар барои барқарор сохтани ин узвҳо истифода мебарем.

Дар беморхонаи «Сзянся»-и шаҳри Ухан беш аз 500 бемор ба ин намуди табобат фаро гирифта шудаанд.

То ҳанӯз на беморони табобатёфта  ва на табибон аз ҳолати бад шикоят накардаанд, яъне беморон гирифтории дубора надоранд ва ягон пизишки сироятёфта низ  ба қайд гирифта нашудааст.

— Чӣ тавр худро аз коронавирус муҳофизат намудан мумкин аст?

— Аввалан, ғизои солимро бояд интихоб намуд. Аз тановули хӯрокҳои серравған, ширин ва хунук бояд парҳез намуд.

Дуюм, истироҳати муътадил.

Сеюм, тарбияи ҷисмонии бадан.

Мехоҳам бори дигар оид ба муҳимияти гӯшанишинӣ ёдрас намоям — аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоед, дастонро тез-тез бо собун шӯед ва пӯшидани ниқобҳоро фаромӯш насозед.

Алҳол, роҳи беҳтарине, ки мо дар Чин пешниҳод мекунем, ин дар хона нишастан аст.

— Пас, ҳама бояд ниқоб пӯшанд?

— Дар Чин мо пӯшидани ниқобро ҳатмӣ мешуморем. Ба ин васила, дар ҳолати эпидемия шахси бемор каси дигарро сироят намесозад ва одами солим низ худро аз вирус ҳифз карда метавонад.

Илтиҳоби шуше, ки барангезандааш коронавирус мебошад, то имрӯз пурра омӯхта нашудааст. Мо ҳанӯз дар бораи ин вирус маълумоти кофӣ надорем, пас, барои пешгирӣ ниқобпӯшӣ беҳтарин роҳ  аст.

— Сабаби зиёд шудани сирояти коронавирус дар кишварҳои Аврупо дар чист? 

  • Дар Аврупо чунин мепиндоранд, ки пӯшидани ниқоб танҳо ба  шахси бемор лозим аст, одамони  солим метавонанд аз он сарфи назар кунанд. Сабаби дигар- ин риоя  накардани гӯшанишинӣ аст.

— Боз чӣ маслиҳат медиҳед?

— Оромиро аз даст надиҳед. Дар давраи эпидемия ҳис намудани даҳшат чизи муқаррарӣ аст. Аммо ба ин ҳеҷ зарурат нест. Аксари беморон ба шакли миёна ё сабуки беморӣ гирифтор мешаванд, ҳамагӣ 20 фоиз  ин бемориро дар ҳолати  вазнин  мегузаронанд.

Шарти аз ҳама муҳим- ба ваҳму ҳарос наафтидан аст. Эпидемия, албатта, хотима меёбад. Вале фишори  аз ҳад зиёди равонӣ ба саломатӣ зарар расонда метавонад.

Хотиррасон месозем, ки рӯзи чоршанбе, 8 апрели соли 2020 дар  шаҳри Ухан, маркази эпидемияи COVID-19, ки аҳолии  11 миллионнафара дорад, муҳосираи нақлиётии  76-рӯза  ба итмом расид.

Мутобиқи маълумоти охирини расмӣ, дар тамоми давраи сирояти коронавирус дар шаҳри  Ухан тақрибан 94 фоизи беморон шифо ёфтанд. Теъдоди умумии сироятёфтагон  зиёда аз 50 ҳазорро ташкил дод, сатҳи фавти расмӣ 5 фоиз (2572 ҳолати фавт ) мебошад. Айни ҳол 445 нафар  дар беморхонаҳои шаҳр табобат мегиранд.

Апрель 9, 2020 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»