Талаби 25000 доллар бар ивази ҷони кӯдаки хурдсол
ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрели соли равон як нафар ҷавон дар рӯй ниқоб пӯшида, бо корд мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Теппаҳои шарқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ворид гаштааст. Номбурда кӯдаки хурдсоли хонадонро ба гаравгон гирифта, талаби 25 ҳазор доллари ИМА намудааст. Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсияи пойтахт корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, нафари гумонбарро дастгир карданд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрванд Дӯстмуроди Убайдулло, соли таваллудаш 8 августи 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Теппаҳои шарқӣ гумонбар дониста мешавад.
Чуноне зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, номбурда гарчанде қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин навбат ба хотири ба даст овардани маблағи калони пулӣ ба ҷинояти аз он вазнинтар, яъне роҳзанӣ даст задааст.
Зимни пурсиш номбурда иқрор гаштааст, ки 7 апрели соли равон, тахминан соатҳои 09:30 дар рӯй ниқоб ва бо корд мусаллаҳ шуда, ба як манзили истиқоматӣ, воқеъ дар маҳаллаи Теппаҳои шарқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гаштааст.
Ба хотири тарсонидан номбурда кӯдаки хурдсоли хонадонро гаравгон гирифта, бо таҳдиди куштан аз модараш 25 000 доллари амрикоӣ маблағ талаб кардааст.
Гумонбаршуда Дӯстмуроди Убайдулло чун пай мебарад, ки ин миқдор маблағи талаб намудаашро ёфта дода наметавонанд, бо роҳи зӯроварӣ чавоҳироти тиллоӣ, аз қабили як ҷуфт гӯшвор ва ду адад ангуштаринро бо арзиши 5000 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Ба хотири рӯйпӯш намудани ҷиноят номбурда ниқоб ва корду дигар ашёи зимни ҷиноят истифодабурдаашро дар ҷӯи маҳаллаи мазкур партофта, нобуд сохтааст.
Бо содир намудани ин кирдори ваҳшиёна гумонбаршаванда Дӯстмуроди Убайдулло дар баробари расонидани зарари калони молӣ ҳамзамон ба тифлаки хурдсол зарари рӯҳиву ҷисмонӣ расонидааст. Акнун номбурда барои ин амали ҷинояткоронааш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Айни замон нисбат ба ӯ бо моддаи 249 (роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






