Тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон тамиз карда шуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи таътили баҳории хонандагон, ки аз 21 то 31 март идома ёфт, бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ду маротиба тамиз ё «дезинфексия» шуданд. Ин амал – поккорӣ дар муассисаҳои таълимии мамлакат баъди дарсҳо ва дар рӯзҳои истироҳат низ идома хоҳанд ёфт. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода иттилоъ дод.
Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале новобаста ба ин Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро барои пешгирии аҳолӣ аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар амал тадбиқ намуда истодааст.
Тавре дар суҳбат бо мо муовини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мавлуда Ашурмадова иброз намуд, «муассисаи мо дар таътили баҳорӣ ду маротиба бо ҷалби мутахассисони ширкати «Фавз» поккорӣ ё «дезинфексия» карда шуд. Барои иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ имрӯз дар муассиса бо иштироки ҳамшираҳои Маркази саломатии шаҳрии №8 вохӯрӣ доир гардид. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони хоҷагидори мактаб рӯзона ду дафъа синфхонаҳо, ошхона, ҳоҷатхонаву роҳравҳои бинои муассиса дезинфексия карда мешаванд. Аз ҷониби роҳбарияти мактаб маҳлулҳои безараргардонӣ ва хлор дастрас ва захира гардидаанд».
Барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ҳар яки мо вазифадорем, ки тавсияи мутахассисонро риоя намуда, дигаронро низ ба он ҳидоят намоем.
Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ назорат ва корҳои пешгирикунанда дар ширхоргоҳҳои мамлакат низ пурзӯр гардидаанд.
Сармураббии ширхоргоҳи №159 ноҳияи Шоҳмансур Гулбаҳор Азимова изҳор дошт, ки дар муассисаи онҳо ситоди фаврӣ ташкил гардида, рӯзҳои истироҳатӣ бо ҷалби мутахассисон бино ва ҳуҷраҳои ширхоргоҳ поккорӣ мешаванд. Инчунин дар як рӯз се маротиба ҳуҷраҳо ва ошхонаҳо бо оби хлордор тоза карда мешаванд.
Аз ҷониби масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни волидайн корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, ба тарбиятгирандагон усулҳои тоза шустани дастон ва машқҳо барои солимии бадан омӯзонида мешаванд.
Ғайр аз ин дар тамоми муассисаҳо, новобаста аз шакли фаъолияташон назорат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони бовариро бо рақами 511 фаъол намуд. Ин рақам ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, вазорат аз сокинони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






