ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Ҳикматулло Назиров: «Ҳавои номусоид ба соҳаи кишоварзӣ бетаъсир намонд, аммо деҳқонон набояд ноумед шаванд, роҳҳои баромадан аз ин хисорот мавҷуданд»

Апрель 15, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳошиносии мамлакат, давоми моҳи апрел дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо боронҳои шиддатнок, раъду барқ ва шамол пешгӯӣ мешавад.

Ҳарчанд дар моҳи апрел боридани барф барои мамлакати мо он қадар хос нест, вале табиат қонунҳои худро дорад. Боридани барфи тар, номусоидии ҳаво ва паст фаромадани ҳарорат, ки шаби 8 ба 9-уми апрел дар мамлакат ба амал омад, оё ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзор зиён расонида, сабаби сармохӯрдагии долу дарахтон нагардид?

Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров муроҷиат намуд. Мавсуф иброз намуд, ки боридани борони бошиддат ва барфи тар дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намонд.

«Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар ин рӯзҳо аз ноҳияҳои мамлакат дидан намуданд. Дар пайи мушоҳида маълум гардид, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво то 25  фоизи инкишофи дарахтон ва токзорро аз байн бурдааст.  Яъне барфи борида бештар ба токзор ва дарахтони мевадиҳандаи донакдор зиёни худро расонид. Навдаҳои аксар дарахтони дигар аз вазнинии барф шикастаанд»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфти номбурда, таъсири барф  ба кишти зироати кишоварзӣ, аз қабили картошка, зироати донагӣ ва зироати зери плёнка парваришнамудаи марди деҳқон мушоҳида мешавад. Дар ин ҳолат деҳқонон набояд ноумед гарданд, зеро роҳҳои аз ин хисорот баромадан мавҷуданд.

Дар Тоҷикистон охири моҳи март ва аввали моҳи апрел обу ҳаво барои парвариши зироати гуногуни кишоварзӣ хеле мусоид буд. Кишоварзони мамлакат дар ин давра як зумра маҳсулотро кишт ва парвариш намуданд, инчунин дар ин давра бештари дарахтон ва токзор инкишоф ёфтанд.

«Барои баромадан аз чунин вазъият кишоварзон бояд ҷаҳду талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд. Яъне дар боғу токзор навдаҳои сармозадаро буридан лозим аст. Дар ин ҳолат навдаи нав рӯида, барои инкишофи минбаъда замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад. Дар баробари  нарм намудан аз нуриҳои минералӣ, ки барои инкишофи дарахту ток тавсия гардидааст, истифода намоянд. Дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён надидаанд»,- афзуд номбурда.

Ҳикматулло Назиров  зикр намуд, ки даҳаи дуюми моҳи май мо бояд тамоми дарахтон ва токзорро бо ғизои ғайрирешавӣ таъмин намоем, яъне маҳлули якфоизаи карбамидро гирифта, ба дарахтону токзор пошем. Иҷро намудани ин амал барои зироати сабзавотӣ низ аз манфиат дур нест.

«Боридани барфи тар ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати сабзавотӣ ва картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён расонид. Аз ҷумла картошка, ки яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Барои кишти зироати донагӣ вақт ҳоло зиёд аст ва метавонем онро дубора кишт намоем. Аз рӯйи маълумоти ба даст омада, дар бештари навоҳии мамлакат кишоварзон маҳсулоти полезиро зери плёнка кишт намудаанд. Барфи борида ба барг ва навдаҳои онҳо низ таъсир расонидааст. Баъзе намудҳои ин растанӣ решаи мустаҳкам дошта, дар ҳолати муътадил гардидани боду ҳаво метавонанд аз нав инкишоф ёбанд»,-мегӯяд Ҳикматулло Назиров. .

Олимони соҳа бар ин назаранд, ки бориши зиёди борон дар хоҷагии қишлоқ ба касалиҳои гуногун ва пайдо шудани ҳашароти зараррасон оварда мерасонад. Инчунин дар соҳаи боғу токпарварӣ касалии обсӯзӣ метавонад ба амал ояд. Дар ин ҳолат аз усули биологӣ ва  маводи зидди ҳашарот бояд истифода бурд.

Бориши зиёди борон ба заминҳои лалмӣ фоидаи бештар дорад. Зеро намӣ зиёд шуда, дар натиҷа ба замин  миқдори зиёди нитроген ворид мегардад, ки ин ба инкишофи боғу токзор созгор мебошад.

Апрель 15, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд