Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб дӯстдорони китобро ба оғӯш гирифт

Апрель 14, 2020 14:55

КӮЛОБ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби раёсати китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳр Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардид.

Дар саҳни театри мазкур намоиши китобҳои илмию бадеӣ аз осори пурмазмуни мутафаккирони тоҷику форс ташкил гардида буд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот аз ин ҷо асарҳои дӯстдоштаи худро пайдо намуданд. Ҳамчунин дар як гӯшаи дигар аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимии №-52-и шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ  ташкил гардид, ки меҳмонон аз тамошои он ба завқ омада, ба офарандагони ин зебоиҳо  аҳсан хонданд.

Тавре  корманди китобхона Моҳбону Ҷумаева зикр кард, дар бинои театр баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб бесабаб набуд, зеро китобу театр як рисолат доранд — ғизои маънавӣ  бахшидан ба  инсон.

Дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода  наврасону ҷавонон  бо  адибон  вохӯрӣ намуда, аз онҳо доир ба китоб ва аҳамияти мутолиа  дар ҳаёти инсон қиссаҳои ҷолиб  шуниданд.

Аз ҷумла,  зикр шуд, ки  китоб манбаи дониш буда, танҳо  тавассути мутолиаи он  инсон ба камоли маънавӣ мерасад. Даврони наврасию ҷавонӣ беҳтарин вақт барои мутолиа кардани  на танҳо осори адибони тоҷик, балки намояндагони  адабиёти ҷаҳон аст.

Дар фарҷом барои болидахотирии ҳозирин аз ҷониби кӯдакону наврасон барномаи фарҳангию фароғатӣ пешниҳод карда шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2020 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад